Пайвандҳои дастрасӣ

Қарзи мардуми Тоҷикистон кам шудааст


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, кишвараш қарзи берунии худро 350 миллион доллар коҳиш додааст ва аз ин хотир мехоҳад, ҷомеаи байналмилалӣ маҳдудиятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро бознигарӣ кунад. Эмомалӣ Раҳмонов зимни суханронӣ дар нишасти машваратии кишварҳои донори Тоҷикистон дар ҳошияи шаҳри Душанбе иброз дошт, қарзи берунии Тоҷикистон аз январи соли 2003-ум то моҳи октябри соли равон аз 980 миллион доллар ба то ба 630 миллион доллар коҳиш дода шудааст.
Ба қавли раиси ҷумҳур, коҳиши қарзи хориҷӣ натиҷаи тақвияти сиёсати моливу қарзӣ дар Тоҷикистон будааст. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмонов, маҷмуи тавлидоти дохилии Тоҷикистон тайи 5 солу 9 моҳи соли равон 50 дар сад афзуда ва аз соли 1999 то 2003 сатҳи камбизоатӣ дар ин кишвар аз 83 фоиз то 64 дар сад коҳиш ёфтааст.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG