Пайвандҳои дастрасӣ

Интернет то ба Ҷиргатоли дурдаст расид


Бо мусоидати молии Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон ҳафтаи равон дар маркази ноҳияи Ҷиргатол 300-километрии шарқи ин кишвар аввалин Маркази омӯзишиву иттилотӣ барои ҷавонон ба фаъолият шурӯъ намуд. Маркази иттилоотиву омӯзишии мазкур дар навоҳии водии Рашт дуввумин марказест, ки дар соли ҷорӣ бо кӯмаки Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон дар хидмати ҷавонону наврасони маҳаллӣ қарор мегирад.
Александр Кузмин - раҳбари дафтари ин созмон дар водии Рашт гуфт, маркази нав бо доштани имконоти васеъи омӯзишиву иттилотӣ шароити мусоидеро фароҳам меорад, то ҷавонони ҷиргатолӣ то андозае ҳам бошад аз халоъи иттилотии ҳоким дар минтақа берун оянд: "Ҷавонони маҳҳалӣ хушлаёқату дорои истеъдоданд ва набояд аз равандҳои муосири ҷомеаи кунунӣ дар канор бимонанд."
Ҷаноби Кузмин афзуд, ҷавонон дар ин марказ дар баробари кор бо компютеру интернет ҳамчунин аз навгониҳои дохилу хориҷ тавассути тамошои барномаҳои телевизионӣ бохабар мегарданд. Ба гуфтаи раҳбари дафтари САҲА дар водии Рашт, ин ниҳод қасд дорад, дар оянда шумори марказҳои иттилотӣ барои ҷавононро аз ҳисоби ташкили марказҳои нав дар деҳоти минтақа афзоиш диҳад.
Холиқи Сангин, Рашт
XS
SM
MD
LG