Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар соли нав - маоши нав


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, то музди кормандони соҳаи буҷаи ин кишвар сар аз соли оянда аз панҷоҳ то сад фоиз афзоиш дод. Бар асоси ин дастур, маоши кормандони соҳаи илм, сиҳати омма ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сад, кормандони соҳаи маориф, муассисоти томактабӣ ва макотиби миёна мутаносибан аз панҷоҳ то ҳафтод дар сад ва ба ҳамин тартиб маоши ҳадди аққали шаҳрвандон 12 сомонӣ муқаррар шудааст. Дар баёнияи ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, ин фармон ба манзури беҳсозии вазъи иқтисодии аҳолӣ ва боло бурдани сатҳи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон содир шудааст.
Аммо афроди вобастаи буҷаи давлатӣ ва коршиносон афзоиши маошро дар баробари қиммати нархи навои бозор ва бахусус маводи аввалияи мавриди ниёз муассир намеҳисобанд. Аслия Шогунбекова - устоди макотиби таҳсилоти ҳамагонии пойтахт, ки музди моҳонааш панҷоҳ дар сад боло хоҳад рафт, мегӯяд, бо афзоиши саддарсадии маош низ имкони таъмини маишати хонаводаро бидуни кӯмаки пайвандон надорад.
Ба ҳамин тартиб бар асоси ин фармон, нафақаи ҳадди аққал мутобиқ ба маоши ҳадди аққал, вале сатҳи ниҳоии он 120 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳамчунин ин фармон дар буҷаи соли 2005 барои хонаводаҳои камбизоат 22 миллион сомонӣ ва 10 миллион сомонӣ барои оилаҳое, ки фақиранду кӯдаки синни мактабӣ доранд, пешбинӣ кардааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG