Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакистон бемористони сироятӣ шуд


Беморхонаи навифтитоҳи бемориҳои сироятӣ дар Хуҷанд ягона табобатгоҳи ин гуна маризиҳо дар вилояти Суғд аст. Беморхонаи нав ба ҷойи табобатгоҳи пешин, ки бинои он кӯҳнаву фарсуда шуда, ба гуфтаи табибонаш, ба ҷойи давутози мушҳо табдил ёфта буд, кушода шудааст. Табобатхонаи нави бемориҳои гузаранда дар бинои як кӯдакистони Хуҷанд пас аз таъмиру тармими бинои он ҷой гирифт.

Маҳмуд Рабеъҷонов - сарвари идораи ҳифзи тандурустии Суғд мегӯяд, дар табобатгоҳ барои табобати 150 бемор шароит муҳайё шуда, 80 ҷойхоби он барои кӯдакон аст. Дар Суғд, чун дар дигар манотиқи Осиёи Марказӣ, бештар кӯдакон гирифтори бемориҳои гузаранда, аз қабили доманаву зардпарвин мегарданд. Ва воқеан дар маросими ифтитоҳ аҷиб ва ғамангез ба назар мерасид, ки беморхонаи нави амрози сироятӣ дар кӯдакистони собиқ, ки дар он манзараи хандаву бозии кӯдакон ба чашм мерасид, боз мегардад ва ҳамакнун дар ин ҷо кӯдакони бемор бистарӣ хоҳанд шуд. Мақомот сабаби инро дар холиву беистифода мондани кӯдакистон дар солхои ахир шарҳ медиҳанд.

Сарвари идораи ҳифзи сиҳати вилояти Суғд афзуд, ки бемористони тозатаъсиси амрози сироятӣ дар Хуҷанд барои табобати бемориҳои рӯдаву меъда, роҳи нафас ва зардпарвин ихтисос дорад ва бо дастгоҳҳои нави ташхиси бемориҳои зардпарвин, вируси гепатитҳои Б, С ва ангезандаи СПИД норасоии маснӯъияти бадан муҷаҳҳаз карда шудааст.
Аммо ба гуфтаи оқои Рабеъҷонов, дар бемористони нав табобати беморони амрози ҷинсӣ пешбинӣ нашудааст ва табобати ин гуна бемориҳо мисли пештара танҳо дар шифохона ва ё диспансери амрози пӯст ва таносул дар Хуҷанд сурат мегирад.
Навоҳӣ ва шаҳрҳои дигари Суғд дорои бемористонҳои амрози ҷинсиву пӯст нестанд, ҳамчунин дар ин вилоят беморҳои сироятӣ низ дар қатори беморони дигар дар бемористонҳои умумӣ табобат карда мешаванд. Дар ҳоле, ки тайи солҳои ахир хуруҷи бемориҳои сироятӣ, аз қабили доманаву вараҷа ва зардпарвин, мувофиқи иттилоъи расмӣ, бештар дар навоҳии дурдасти Суғд, ҳамчун Исфараву Ашт ва Панҷакенту Айнӣ ба мушоҳида мерасад. Аммо мубталоёни ангезандаи СПИД ва дар вилояти Суғд ягон имкон ва шароити табобат надоранд ва барои табобату пешгирии маризии онҳо дар қаламрави устон ҳеҷ як шифохона вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG