Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти қочоқгари инсон ба 14 соли зиндон


Додгоҳи шаҳри Душанбе як шаҳрванди ин кишварро дар қочоқи инсон ва ҷалби иҷбории духтари ноболиғ ба фаҳшо гунаҳкор дониста, ӯро ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Муҳаббат Шамсиддинова - додраси додгоҳи пойтахт гуфт, хонум Ҷаҳон Ҳилоловаи 34-сола бо ҳадафи танфӯрушӣ ва бо мусоидати фирмаи мавсум ба "Мирзои Раҳмон" шиносномаи хориҷӣ дарёфт карда, соли 2000 ба Аморати Муттаҳидаи Араб сафар мекунад.
Фирмаи "Мирзои Раҳмон" ба падари Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон тааллуқ дошта, фаъолияти он ба дунболи ҳабси оқои Мирзоев тавассути мақомот мутаваққиф шудааст.
Ҷаҳон Ҳилолова дар Дубай бо раҳнамоии хонум Муҳаббат Яъқубова, ки дар доираи шайхҳои арабии ин шаҳр бо номи Марямбоз маъруфият доштаааст, баъди бозгашт аз Дубай як духтари ноболиғи бепарасторро аз Душанбе ба фарзандӣ хонда ва ӯро аз роҳи фиреб бо худ ба Дубай мебарад. Ҷаҳон Ҳилолова дубора ин духтари ноболиғро ба Эрон ва аз онҷо ба Истанбули Туркия бурда, дар онҷо низ ба танфурӯшӣ маҷбур мекунад. Додраси додгоҳи шаҳри Душанбе гуфт, ҳоло Муҳаббат Яъқубова, ки дар истисмори духтари ноболиғ бо Ҷаҳон Ҳилолова шарик дониста мешавад, мавриди ҷустуҷӯи мақомот қарор дорад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG