Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ва Русия -- дӯстон дар Тоҷикистон?


Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд гуфт, "таъсиси пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон қадами муҳимест дар таҳкими эътидоли минтақавӣ ва муборизаи зидди терроризми байнулмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир."Ҳоугленд ин нуктаро дар як маросим дар Душанбе ҳангоми гулгузорӣ бар пояи ёдгорӣ ба сарбозони қурбоншудаи фирқаи 201-и Русия изҳор дошт. Вай афзуд, "ҳукумати Амрико кӯмаки ҳарбиёни русро дар ихроҷи корпуси дипломатии Амрико аз Тоҷикистон дар соли 1992, ҳангоми шурӯъи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ҳамеша бо сипосгузорӣ ёд хоҳад кард."Сафири Русия дар Тоҷикистон Максим Пешков дар ин маросим гуфт, Русия ва Амрико дар мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ҳамкории наздик доранд ва ин ҳамкорӣ густариш хоҳад ёфт. Ҳоугленд ин нуктаро тасдиқ кард ва афзуд, чанде пеш дар Маскав дар ин масъала нишасти коршиносони Амрико ва Русия баргузор шудааст.
Салими Аюбзод, Прага
XS
SM
MD
LG