Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳадяи бинокорони Маскав ба Душанбе


Бинокорони шаҳри Маскав барнома доранд, дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон 40 ҳазор метри мураббаъ манзили маскунӣ бисозанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ дар Маскав, намояндаи расмии ширкати бинокории ГУЭСМ ва ё «Маҳалласоз»-и шаҳри Маскав Ирина Владиславова хабар дод. Вай гуфт, дар назар аст, хишти аввали бино 18 ноябри соли равон ба ҳангоми боздиди мири шафри Маскав Юрий Лужков аз Душанбе гузошта шавад. Ҳамзамон роҳбари тарҳ Владимир Ситников таъйид кард, бинои маскунӣ дар ҳошияи дуроҳаи хиёбони Рудакӣ ва Бухоро сохта хоҳад шуд. Тарҳ «Пойтахт-80» ном дорад ва ба ифтихори 80-солагии Душанбе эҳдос мешавад.
Ин муҷтамеъи маскунӣ дар чаҳорчӯби созишномаи ҳамкориҳои дарозмуддати Маскаву Душанбе бунёд мешавад. Созишномаро руасои ин шаҳрҳо Юрий Лужков ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев имзо кардаанд. Сармоягузорони тарҳ ширкати «Маҳалласоз»-и Маскав ва шаҳрдории Душанбе мебошанд. Биноро ширкати бинокории «Ростовсохтмон»-и Русия, ки ба сохтмони манзили тобовар ба зилзила тахассус дорад, хоҳад сохт. Нирӯи корӣ аслан аз Тоҷикистон гирифта мешавад. Гуфта мешавад, «Маҳалласоз» яке аз тавонотарин ширкатҳои бинокории Маскав аст, ки дар давоми даҳ сол дар пойтахти Русия, беш аз 1 миллион метри мураббаъ манзили маскунӣ,мактаб ва кӯдакистон сохтааст.
XS
SM
MD
LG