Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кодекси нави андоз, сабукӣ меорад, ё сахтӣ?


Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳи ҷадиди Кодекси андоз ва ё молиёти кишварро таъйид кард. Ғулом Бобоев - вазири даромад ва пардохтҳои Тоҷикистон ба ҳангоми муаррифӣ ва шарҳу тавзеҳи бандҳои алоҳидаи тарҳи ин қонун, онро ҷавобгӯ ба тақозои иқтисоди озод, мутобиқ ба вазъи кунунии иқтисоди кишвар ва ҳамоҳангшуда бо меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ кард. Оқои Бобоев гуфт, ба фарқ аз кодекси андози қаблӣ кодекси ҷадид наҳваи пардохт барои муассиса, корхонаҷот, афроди алоҳида, соҳибкорон ва тоҷиронро ба маротиб соддатар ва ба ҳамин тартиб дар рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат ҳоҳад кард.

Вазири даромад ва пардохтҳои Тоҷикистон ба саволи Радиои Озодӣ, ки таври мушаххас ин қонун чӣ сабукиҳо дар кори андозсупорандагони хоҳад овард, чунин посух дод: "Корхонаҳо ба системаи соддашудаи андозсупорӣ мегузаранд. Пеш аз ҳама ин корхонаҳои хурду миёна, тамоми хочагиҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сарукор доранд аз шаш ҳафт намуди андозе, ки месупоранд озод ҳастанд, як андози ягона аз замин месупоранд. Дигар намуди андоз тағйир ёфтанд, меъёрҳои ин андозҳо андоз аз фоида аз 30 то 25 фоиз кам шуданд. Ставкаи андоз аз даромад кам карда шудааст." Оқои Бобоев афзуд, бар асоси кодекси нав андози даромад аз нафароне, ки то сад сомонӣ маоши моҳона доранд, даҳ ва аз онҳое, ки болотар аз ин маблағро мегиранд 13 дар сад ситонида мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ситонидани андоз аз даромад дар қиёс бо кодекси қаблӣ ду дар сад коҳиш ёфтааст.

Аммо Насриддин Саидов - вакили парлумон аз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва Шодӣ Шабдолов - раиси ҷиноҳи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар парлумон на ба ҳама банду моддаҳои кодекс розӣ шуданд. Насриддин Саидов мӯътақид аст, қиммати андози як гектари замини иҷора, ки кодекси нав муқаррар кардааст, рушди кишоварзиро дар манотиқи кӯҳистонии кишвар боз ҳоҳад дошт. Вай гуфт, тақозои дусадсомонӣ аз ҳар гектари замини иҷора зарбаи ҷиддӣ ба буҷаи хонаводаи кишоварз хоҳад зад: "Ҳозир дар бисёре аз деҳоти дурдаст на гов ҳаст, на трактор. Бисёри мардум Русия рафтаанд агар мо андозро зиёд кунем, мардум кор карда наметавонанд. Масалан дар Масчоҳи Кӯҳӣ, дар Айнӣ, дар Ғончӣ ин чиз қабул шуда наметавонад."

Шодӣ Шабдолов - раиси ҷиноҳи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ итминон дорад, ҳамаи замини мавҷудро таҳти як навъи молиёт қарор додан боиси бурузи мушкилоти тоза хоҳад шуд. Вай гуфт, замин бояд бар асоси дараҷа ва ҳосилхезии он андозбандӣ шавад: "Гуфтам, ки чарогоҳу алафзорро ба ҳамдигар баробар кардан дуруст нест. Дар алафзор як ду дарав карда мешавад, вале дар чарогоҳ хасе, ки ҳаст он дар номаш, аммо дар асл санглох аст. Дар водии Зарафшону Бадахшону вилояти Суғд ҳаст инхел ҷойҳо. Инҳоро ҷудо мебояд кард"

Аммо бархе аз иқтисодшиносони тоҷик аз қабули Кодекси андоз ва мусоидати он дар рушди иқтисоди кишвар хушбин нестанд. Ҳоҷимуҳаммад Умаров - иқтисодшиноси тоҷик қабули кодекси нави андозро як қадами ба қафо дар раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва монеаи ҷиддӣ дар ҷиҳати устувории иқтисоди озод дар кишвар арзёбӣ кард. Вай аз сатҳи гарони молиёти муқарраршуда дар кодекси андоз ки корхонаҷотро ба пинҳонсозии даромад водор ва дар натиҷа заминаро барои афзоиши ришва ва фасод дар ҷомеа фароҳам мекунад, интиқод кард: "Агар фаъолияти ҳамаи корхонаҷотро таҳлил бикунем, тахмин аз чил то ҳафтод фоиз мерасад. Яъне аз чил то ҳафтод фоизи маҳсулоти тозаи корхонаҳо тавассути андоз ба буҷаи давлатӣ меравад. Ва гуфтем, ки ин сатҳ хеле баланд аст. Ва яке аз сабаби асосии пинҳонӣ кор кардани корхонаҳо ва аз давлат пӯшонидани сатҳи даромадҳои ҳақиқии онҳо ҳамин аст, гаронӣ аст. Яъне ин кодекс корхонаҳоро маҷбур мекунад, ки онҳо даромади ҳақиқии худро аз давлат пинҳон кунанд."

Мувофиқи назария ҳамин сатҳ бояд, ки тахмин дар атрофи 30-35 фоиз биистад. Он бар асоси кодекси нави андози кишвар акнун рақами шиносномаҳои атбои Тоҷикистон ба ҳайси рақами мушаххаси супорандаи андоз дар саҳифаи махсуси ин ҳуҷҷат сабт ва мӯҳри идораи андоз дар он гузошта хоҳад шуд. Бархе аз вакилони Маҷлиси Намояндагон, аз ҷумла Юсуф Аҳмадов чунин тақозои Кодекси андозро як навъи нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон талаққӣ кард. Вай гуфт, ин моддаро ба ҳангоми муҳокима дар кумитаҳо кабул накарда буданд. Вале Ғулом Бобоев - вазири даромад ва пардохти Тоҷикистон гуфт, ки сар аз соли 2006 ҳисоби электронӣ дар низоми андозсупории кишвар бо истифода аз таҷрибаи дигар давлатҳо ҷорӣ хоҳад шуд ва ин усули мушаххассозии пардохти андоз қобили қабул мебошад.
XS
SM
MD
LG