Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгорон дигар ҳаққи гирифтани пул аз муҳассилинро надоранд


Зарангези Наврӯзшоҳ аз шаҳри Душанбе

Тибқи дастури нави вазорати маорифи Тоҷикистон дигар барои маъмурияти мактаб ва омӯзгорон ҷамъоварии маблағи нақдӣ ва ғайри нақдӣ аз хонандагон қатъиян манъ аст ва танҳо он волидони хоҳишманд ва доро имконият ҳақ доранд, барои таълими иловагӣ ба фарзандашон бар асоси шартнома ба мактаб пул бидиҳанд. Аммо маблағи иловагиро хонандагон на ба омӯзгорон, балки ба идораи муҳосиботи муассисаҳои таълимӣ мепардозанд.

Феълан дар ҳар як мактаби миёнаи Тоҷикистон идораи махсуси муҳосибот фаъолият мекунад, ки маблағи аз ҳисоби хонандагон ворид мешударо қабул мекунад ва беш аз 50 фисади онро барои маоши омӯзгорон ҷудо менамояд. Бахтиёр Боқилов - сардори идораи ба нақшагирии иқтисодии вазорати маориф дар ин бора чунин мегӯяд: "Маблағҳо бояд ба тариқи мутамарказонидашуда бо бухгалтерия (муҳосибот) гузаронида шаванд. Ва ҳуҷҷатҳои расмӣ дар ин ҷо тартиб дода шавад ва хароҷоти маблағҳое, ки ворид мешаванд, бо қарори Кумитаи падару модарон ва раҳбари муассиса хароҷот карда мешаванд. Яъне метавонад, чил панҷоҳ фоизаш барои маоши муаллимон харҷ шавад, боқимондаш барои тармиму таъмири мактаб ва харидани таҷҳизот.

Тибқи иттилоъи вазорати маориф, ҳадаф аз ба роҳ мондани тартиби нав ва роҳи нави таълими пулакӣ дар мактабҳо ба низом даровардани муҳосиботи муассисаҳои таълимӣ аст, зеро қаблан қариб дар тамоми мактабҳои миёна бо сабаби кам будани маоши худ омӯзгорон маҷбуран аз ҳар як хонанда ҳар моҳ ба маблағи аз 3 то 6 сомонӣ талаб мекарданд, ки на ҳамаи оилаҳои серфарзанд имкони пардохти онро доштанд.
Аммо ба роҳ мондани ин усули нав барои хонандагон ва волидони онҳо беҳтар аст ё на, Гулчеҳра Саидова модари 4 фарзанди мактабхон мегӯяд, вазъи волидайн аз ҳарсола хубтар нест, зеро ҳарчанд расман дарсҳои иловагӣ барои хоҳишманд ва хонандагони имкониятдор ба роҳ монда шуда бошад ҳам, аммо бархе аз муаллимон маҷбуран аз хонандагон аризаи розигии онҳоро мегиранду ба ҳама таълими пулакӣ медиҳанд. Ба гуфтаи вай, баъди дастури нав иддае аз омӯзгорон, ки даромадашон коҳиш ёфтааст, нороҳат ва нисбат ба таълим бетаваҷҷӯҳ шудаанд.

Моҳрӯ ном хонандаи яке аз мактабҳои шаҳр низ мегӯяд, бо манъ кардани супурдани маблағ ҳар моҳ ба омӯзгорон, чанде аз муаллимони онҳо ихтисоси худро тарк кардаанд. Ва Моҳрӯ мегӯяд, барои онҳо усули пешина, яъне супурдани маблағи иловагӣ ба худи муаллимон беҳтар аст, зеро онҳо завқманд мешаванд ва ба таълим ҷиддитар муносибат мекунанд: "Нағз буд пештар, дарс буд, дарсҳо каму беш мерафтанд, соз буданд. Ҳозир бошад, имсол пули мактабҳоро манъ карданд, муаллимон бисёраш рафтанд, гуфтанд, ки бепулай, мо дарс диҳем, маош надиҳанд, мо чӣ кор мекунем." Ин дар ҳолест, ки дар соли хониши нав маоши муаллимон 25 фоиз баланд бардошта шуд, вале ба ақидаи аксарият маоши онҳо барои пешбурди зиндагӣ кофӣ нест.
XS
SM
MD
LG