Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодӣ баъди яку ним соли асорат


Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки якуним сол дар асорати қочоқбарони афғон ба сар мебурд, озод карда шуд. Владимир Кондратев - масъули дафтари матбуоти нерӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон гуфт, ба хотири амнияти шахсии раҳошуда номи ӯ ифшо карда намешавад.
Оқои Кондратев афзуд, озодсозии гаравгон дар натиҷаи ҳамкории мутақобилаи марзбонҳои Русия дар Тоҷикистон ва сарҳадбонони Афғонистон даст додаст. Вай сокини 63-солаи деҳаи Навоҷари ноҳияи Ҳамадонӣ будааст.
Сухангӯи нерӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, дар соли ҷорӣ ин бори чаҳорум аст, ки гаравгони тоҷик аз дасти қочоқбарони афғон озод карда мешавад, вале то кунун гаравгонҳо ба чунин муддати тӯлонӣ дар асорат набудаанд.
Оқои Кондратев аз шарҳи ҷузъиёти ин амалиёт худдорӣ намуда, афзуд, ки баъди пайдо кардани иттилоъ онҳо ба вазорати умури хориҷа муроҷиат кардаанд ва бо фаъолияти марзбонҳои афғон гаравгон озод карда шудааст. Вале сухангӯи нерӯҳои марзбонии Русия аз гуфтани номи гаравгони озодшуда худдорӣ намуда, таъкид кард, ки шахси озодшуда бо гурӯҳи қочоқбарон ҳеҷ иртиботе надошта, танҳо қурбонии қочоқбарони маводи мухаддир гардидааст.
Насибҷон Амонӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG