Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дасту пойҳои телевизионҳоро бебанд бастаанд


Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд

Теъдоди расонаҳои электронии ғайридавлатӣ дар вилояти Суғд зиёд мешавад, аммо расонаҳои нав бинобар дастрас карда натавонистани иҷозаномаи фаъолият аз ҷониби давлати Тоҷикистон наметавонанд, ба пахши барномаҳои худ шурӯъ кунанд. Ибтидои соли 2004 қонуни Тоҷикистон доир ба садову симоро ислоҳ карданд, вале ин қонун ҳанӯз ҳам бо гузашти 8 моҳ ҳукми иҷро пайдо накардааст.
Дар ҳамин ҳол дар шаҳри Исфара, як радиои ғайридавлатии маҳаллӣ бо номи «Мавҷи Озод» барои пахши барномаҳои худ омода шудааст. Нахустин бор аст, ки дар як ноҳияи Суғд ба ифтитоҳи радиои мустақили хабариву тафреҳӣ рӯи мавҷи FМ иқдом мешавад ва муассисони он мегӯянд - танҳо надоштани иҷозаномаи фаъолият аз давлати Тоҷикистон онҳоро аз нашри барномаҳояшон боз медорад.

Дар ноҳияи Конибодом, 70 километрии шаҳри Хуҷанд низ телевизиони ғайридавлатии «Анис», ки ба сабаби мушкилоти молиявию техникӣ ва надоштани литсензиа давоми беш аз 1 сол фаъолият намекард, бо кӯмаки сарпарастони маҳалли худро аз қайди мушкилоти молиявӣ берун кашидааст. Маҳмуд Ғуломов, сарвари телевизиони «Анис» дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қаблан онҳо дастгоҳи мавҷафкани худӣ надоштанд, аз ин рӯ барномаҳояшонро танҳо бо роҳи иҷораи дастгоҳи мавҷпарокани давлатӣ дар маҳал ҳар шомгоҳ пахш мекарданд. Вай афзуд, ҳамакнун телевизиони «Анис» бо ёрии сарпарасташ ширкати "Ҷаҳонгир" мушкилоти техникии худро бартараф карда, пайи ба даст овардани литсензияи нав аст.

Вале муассисони расонаҳои нави электронии Суғд масъалаи дарёфти иҷозаномаи фаъолият, ё худ литсензияро аз мушкилоти асосӣ ва монеаи аслие арзёбӣ мекунанд, ки онҳоро аз оғози фаъолият ва пахши барномаҳояшон бозмедорад. Қонун дар бораи садову симои Тоҷикистон аз ибтидои соли 2004 додани иҷозаномаи фаъолиятро ба мисли пешин ҳаққи аслии давлат донистааст. Аммо то ҳанӯз муқаррарот ва механизми литсензиядиҳӣ аз ҷониби давлат муайян нашуда ва додани литсензияҳо тибқи қонуни нав низ то кунун шурӯъ нашудааст. Маҳз бо ин иллат телевизиони нави ғайридавлатии «Баҳри Тоҷик» дар шаҳраки Қайроқум, ҳанӯз натавонистааст, ба пахши намоишҳояш шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG