Пайвандҳои дастрасӣ

Оё раводиди убур аз Узбакистон даркор аст?


Соҷидаи Мирзо

Мақомоти Узбакистон дар пайи анҷоми иқдоме буданд, ки агар татбиқ мешуд, идораи роҳи оҳани Тоҷикистонро касод мекард. Авохири моҳи октябр Ширкати "Узтемирйуловчӣ" бо ирсоли як нома ҷониби Тоҷикистонро аз зарарути раводиди убурӣ барои мусофирони тронзитии тоҷик огаҳ кард. Талаби нав вазъи идораи роҳи оҳанро, ки бе ин ҳам баъди ҷорӣ шудани паспортҳои хориҷӣ барои убури марзи кишварҳои узви ЕвразЭС бахши бузурги мусофирони худро аз даст медиҳад, печидатар кард ва Александр Андрианов, муовини раиси идораи мусофирбарии роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, давлати ҳамсояи Узбакистон "ҷанги эълоннашуда алайҳи роҳи оҳани Тоҷикистонро пеш мебарад" ва бо ҳар роҳ мехоҳад, фаъолияти хадамотро мушкил созад. Ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти роҳи оҳани кишвари ҳамсоя талаб кард, шарҳ диҳад, ки ин нома аз куҷо пайдо шуд ва созишномаи дуҷониби оид ба ҳаракати шаҳрвандони ду кишварро, кӣ лағв кардааст?

Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон вазорати умури хориҷиро низ дар ҷараёни таҳаввулот қарор дод ва аз он дархост кард, ки бемантиқ будани ин номаро ба ҳукумати Узбакистон шарҳ диҳад. Дар посух ба талаби ҷониби Тоҷикистон Узбакистон ба номаи аввал чанд тағйирот ворид кард. Аввалан талаби раводиди тронзитиро барои мусофирони қаторҳои Тоҷикистон лағв намуд ва тавзеҳ дод, ки визаи тронзитӣ танҳо ба қаторҳои Узбакистон марбут мешавад.
Сафарали Тайфуров, сардори шуъбаи ташкили мусофирбарии идораи роҳи оҳани Тоҷикистон мазмуни пайғоми ҷониби Узбакистонро чунин шарҳ дод: "Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз қаламрави Узбакистон мегузаранд, ягон хел виза лозим нест. Аммо барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз кишварҳои сеюм ба воситаи Узбакистон ба Тоҷикистон сафар мекунанд, раводиди сафар зарур аст."

Корманди идораи роҳи оҳани Узбакистон, ки номашро нагуфт, дар суҳбат шарҳ дод, ки қарори талаби раводид аз мусофирони тоҷик бо тақозои Кумитаи марзбонии Узбакистон амалӣ мешавад ва ҳатмист. Аммо дар банди 8-уми қарордоди дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбакистон омадааст, чиптаи роҳи оҳан, ки дар он аз куҷо то куҷо сафар намудани мусофир зикр ёфтааст, ҳамчун раводиди тронзитӣ арзёбӣ мешавад ва дар асоси ин билет шарҳвандони ду кишвар ҳақ доранд то се рӯз дар қаламрави якдигар ба сар бубаранд. Ду ҳафтаи пеш мақомоти Узбакистон наздик ба 600 шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули занону кӯдаконро дар минтақаи Қароқалпоқистон аз қатор берун намуда, муддати як ҳафта дар зери осмони боз нигаҳ доштанд. Ин ҳодиса ва сабаби вуқӯъи он то ҳол ошкор нашудааст.
XS
SM
MD
LG