Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳи Канада ба интихоботи Тоҷикистон


Канада барои мадад ба интихоботи ояндаи порлумонии Тоҷикистон 15 ҳазор доллар фиристод. Сафири ин кишвар дар Душанбе Анна Биоллиг гуфт, кишвараш мехоҳад, ин сармоя дар табъу нашри асноди марбут ба интихобот, аз ҷумла матни қонуни нав ва дастурамалҳо сарф шавад. Вай илова кард, ки ин мадади хурд рамзи таваҷҷӯҳи Канада ба интихобот дар Тоҷикистон аст ва Канада мехоҳад, интихоботҳо дар Тоҷикистон озоду одилона ва шаффоф бошанд. Нашри маълумоти густардатар дар бораи меъёрҳои интихобот, ба гуфтаи хонум Биоллиг, ба мардуми Тоҷикистон ёрдам хоҳад кард, ки интихоби бошуур ва оқилона кунанд. Райиси Кумисюни марказии интихоботии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев аз кӯмаки Канада сипосгузорӣ карда, гуфт, бо ин сармоя китобу дастур ва қонунгузориҳои марбут ба интихобот чоп хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG