Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори дубораи Амрико ба шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ишора ба афзоиши ҳамлаҳои гурӯҳҳои тундрави исломӣ ба хориҷиён дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз нав ба шаҳрвандони худ ҳушдор додааст, дар Тоҷикистон аз чораҳои амниятии иловагӣ кор бигиранд. Ба иттилоъи Департаменти Давлатии Амрико, дар баёнияи сафорати ин кишвар дар Душанбе бо ишора ба боқимондаҳои аъзои гурӯҳи Ҷунбиши Исломии Узбакистон ва ҳаводорони онҳо дар Тоҷикистон омадааст, ҳушдор ба шаҳрвандони Амрико ба хотири он аз нав нашр шуд, то онҳо дар мавриди амнияти шахсии худ ҳушёр бошанд.
Сафорати Амрико ба шаҳрвандони ин кишвар ҳушдор додааст, ҳангоми кор ва дар ҷои таҷаммӯъи шаҳрвандони ғарбӣ, тарабхонаҳо ва бозорҳо ва бахусус ҳангоми сафар ба манотиқи марзӣ ба хотири амнияти худ аз чораҳои иловагии амниятӣ кор бигиранд.
Ба иттилоъи хабаргузории "Франс Пресс", ҳафтаи гузашта Департаменти Давлатии Амрико гуфта буд, ки террористони хориҷӣ дар Узбакистон маргталабонро киро кардаанд ва ҳамчунин ба амрикоиён ҳушдор дод, пеш аз сафар ба Қирғизистон кишвари ҳамсояи Узбакистон, ба амният ва бехатарии ҷони худ биандешанд.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG