Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи "Ояндасоз" дар шаҳри Душанбе


Рӯзи шанбеи 30-уми октябр дар Кохи филармонияи миллии Тоҷикистон маросими муаррифии барномаи ҷавонони Радиои Озодӣ "Ояндасоз" ва ба ин манзур консерти гурӯҳҳои эстрадии тоҷик баргузор мешавад. Дар ин барнома овозхононе ба мисли Далер Назаров, Сироҷиддин Фозилов ва гурӯҳи "Авасто" ҳузур хоҳанд дошт. Аз чанд рӯз ба ин тараф тамрини гурӯҳҳои ҳунарӣ ва дастандаркорони барномаи ҷавонон идома дошт. Маъсума Турфа - мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ мегӯяд, ин радио ба асоси таҳқиқоте, ки дар соли гузашта анҷом дод, мутаваҷҷеҳ шуд, ки ҷавонони зиёде ба Радиои Озодӣ гӯш медиҳанд ва дар зимн аз теъдоди тамосҳо ва номаҳо маълум буд, ки ҷавонон мехоҳанд, бо ин барнома аз наздик ошно шуда ва ҳузури бештаре дар ин барнома дошта бошанд.

Ба ҳамин далел мегӯяд Маъсума Турфа, "мо тасмим гирифтем, ба истиқболи ҷавонон биёем ва аз наздик бо онҳо ҳамсӯҳбат бишавем. Ва дар зимн аз мусиқии ҷавонони тоҷик ва беҳтарин ҳунармандон ва гурӯҳҳои ҳунарии ҷавон таҷлил мекунем." Бахши маркетинги Радиои Озодӣ аз ин ибтикор пуштибонӣ кард ва тими вижаеро барои баргузории консерт аз шаҳри Прага ба Душанбе эъзом намуд. Бояд гуфт, ки барои ширкаткунандагони консерт ва меҳмонон ҳадяҳои махсус бо навиштаҷоти Радиои Озодӣ аз ҷониби бахши маркетинги ин радио дар назар гирифта шудааст, ки дар хотимаи консерт ба онҳо дода хоҳад шуд. Ин консерт ба таври ройгон ва даъватнома иҷро мешавад ва Радиои Озодӣ телефонҳо ва муроҷъини зиёде дошта, ки барои ширкат дар ин барнома билет дархост мекарданд.
XS
SM
MD
LG