Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ADB ба Тоҷикистон меравад


Барномаи асосии Бонки Осиёии Рушд барои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2004-2006 барои рушди риштаҳои энергетика, ҳамлу нақл ва тиҷорат нигаронида шудааст. Намояндагии ин муассисаи байналмилалии молӣ дар Тоҷикистон бо пахши баёнияе ин нуктаро таъкид намуд. Ҳамчунин дар баёния омадааст, ки ин барнома 14 лоиҳаи қарзӣ бо арзиши 293,5 миллион доллар ва 33 лоиҳаи ёрии фаннӣ ба маблағи 18,5 миллион долларро дарбар мегирад.
Баёнияи Бонки Осиёи Рушд дар остонаи сафари Тадао Чино раиси ин бонк ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон нашр шуд. Тадао Чино рӯзи якуми ноябр вориди Тоҷикистон мешавад. Неъматҷон Бӯриев - мудири бахши сармоягузории дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон роҷеъ ба ин сафар ва нақши Бонки Осиёии Рушд дар инкишофи иқтисоди Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ин бонк дар бисёр соҳаҳои иқтисодиёти кишвар лоиҳаҳои инвеститсиониро амалӣ месозад, аз ҷумла дар соҳаҳои иҷтимоӣ, инфраструктураҳо, лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо, объектҳои энергетика ва ҳамчунин дастгирии соҳибкорию хоҷагиҳои деҳқонӣ."
Тавре ки оқои Бӯриев иброз дошт, дар ҷараёни сафар Тадао Чино бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳур ва нахуствазир Оқил Оқилов дидор ва пиромуни мусоидати Бонки Осиёии Рушд ба инкишофи иқтисоди Тоҷикистон, коҳиши фақру бенавоӣ дар ин кишвар гуфтӯгу мекунад.
Насибҷон Амонӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG