Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозори гарми қочоқбарони инсон


Беш аз панҷсад зани тоҷик дар Дубай, ки танфурӯши пеша кардаанд, хоҳиши бозгашт ба ватанро надоранд. Гулчеҳра Мирзоева - раиси созмони ғайриҳукуматии мавсум ба "Модар" дар як нишаст роҷеъ ба масъалаи қочоқи инсон дар шаҳри Душанбе гуфт, натоиҷи як таҳқиқоти онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки новобаста аз баҳои ночиз доштани зан ва духтари тоҷик дар хориҷи кишвар бештари онҳо аз бозгашт сарфи назар мекунанд.
Хонум Мирзоева афзуд, гурӯҳҳо ва ё афроди алоҳида аз фақирии аҳолӣ истифода карда, зан ва духтарони тоҷикро дар Эрону Покистон, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Русия, Маҷористону Лаҳистон ва ҳамчунин дар Чин иҷборан ба танфурӯшӣ ва руспигӣ водор мекунанд.
Гузашта аз ин ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ҳоло дар мамолики арабӣ ва махсусан дар Аморати Муттаҳидаи Араб истифодаи наврасон ва писарбачахои тоҷик бештар шудааст. Раҳим Асоев, корманди идораи умури дохилаи шаҳри Душанбе вуҷуди мавориди қочоқи писарбачаҳои тоҷик ба кишварҳои хориҷаро тасдиқ карда, гуфт, дар ҳамин замина як парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва бозрасӣ идома дорад. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ баъд аз қабули Қонуни мубориза бо харидуфурӯши инсон дар додгоҳҳои кишвар 14 парвандаи ҷиноии гурӯҳҳои қочоқбари инсон муҳокима шудааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG