Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ришвахорӣ мубориза бо фақрро дар Тоҷикистон мушкил кардааст


Коршиноси аршади Бонки Ҷаҳонӣ Майкл Миллз, ки дар як анҷумани вижа дар Душанбе гузориши нави ин созмон дар бораи мизони фақр дар Тоҷикистонро муаррифӣ мекард, гуфтааст, фасодкории густарда дар 5 соли гузашта монеъи муваффақияти бештари барномаҳои рушди иқтисодӣ ва мубориза бо фақр дар ин кишвар шудааст.
Тибқи ин гузориш, тайи соли гузашта нисфи корхонаҳои риштаи тиҷорати хурд дар Тоҷикистон то 3 дарсади даромади худро сарфи ришвасупорӣ ба мақомоти давлатӣ кардаанд.
Дар як назарсанҷие, ки Корпоратсияи байналмилалии молӣ, як ниҳоди марбут ба гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ анҷом додааст, 80 дарсади пурсидашудагон иқрор кардаанд, ки ба нозирони молиёт пора медиҳанд. Зимни ҳамин назарсанҷӣ 75 дарсад гуфтаанд, литсензия ё худ хатти муҷаввизи фаъолиятро низ бо роҳи ришвасупорӣ ба даст овардаанд.
Гузориши Бонки Ҷаҳонӣ мегуяд, чоряки корхонаҳои Тоҷикистон барои дарёфти бидеҳиҳои бонкӣ низ ба маблағи то 12 дарсади ҳаҷми ин бидеҳӣ ба бонкдорон ришва медиҳанд.
XS
SM
MD
LG