Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксари 20-нафараи боздоштшуда робита бо Ҳизби Таҳрирро рад кардаанд


Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд Ин 20 сокини Хуҷанд моҳи феврали соли 2004 ҳангоми нишаст дар як чойхонаи шаҳри Хучанд ва дар ҷараёни амалиёти кормандони интизомии Суғд боздошт шуда буданд.

Аз ҷумлаи 20 фарде, ки бо иттиҳоми фаъолият дар Ҳизб-Ут-Таҳрир аз сӯи додгоҳи вилояти Суғд муттаҳам мешаванд, танҳо 3 тан узвияти худро то як ва ё ду соли пеш дар ин ҳизб эътироф намудаанд. Онҳо сухани ниҳоии худро дар марҳилаи поёнии мурофиа дар додгоҳи вилояти Суғд рӯзи панҷшанбеи 28 октябр изҳор доштанд. Аммо 3 нафари дигар аъзои Ҳизб-Ут-Таҳрир будани худро комилан рад намуда, гуфтанд, ки бо ин созмон ҳеҷ робита надоранд. Ба гуфтаи ин афрод, мақомоти интизомӣ бо азобу шиканҷа онҳоро маҷбур кардаанд, то айбро бар дӯш бигиранд
.
Додситонии Суғд ин 20 нафарро дар ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ ва даъвати оммавӣ барои барҳам задани ҳокимияти қонунӣ айбдор кардааст, вале 16 муттаҳамин дар мурофиа ин иттиҳомотро қисман рад карданд. Аз ҷумлаи ин афрод, Олег Немчинови рустабор гуфт, вай дар соли 2001 Исломро пазируфта ва исми худро ба Алиҷон иваз кардааст. Вай афзуд, то замони боздошт, дар маҳфили гурӯҳи ҷавонони Хуҷанд ба омӯзиши Ислом машғул буд, аммо аз ин ки ба як маҳфили тундгаро, шомил аст, огоҳӣ надоштааст. "Мақсади ман аз қабули Ислом ин набуд ва нест, ки ба зӯроварӣ даст занам." - гуфт вай дар ҷараёни мурофиа.

Баррасии парвандаи ҷиноии пурсарусадои 20 афрод бо иттиҳоми фаъолият дар Ҳизб-ут-таҳрир аз сӯи додгоҳи вилояти Суғд аз ибтидои моҳи июл идома дорад. Муттаҳамин аз 20 то 39 сол доранд ва ҳама сокинони Хуҷанд мебошанд. Волидайн ва ҳамсарони ин афрод бо навиштани як муроҷиатнома аз президенти Тоҷикистон хостаанд, то дар одилонаву мунсифона сурат гирифтани мурофиаи додгоҳии пайвандони онҳо мусоидат намояд. Модари яке аз онҳо баъди анҷоми мурофиаи додгоҳӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аксари пайвандони онҳо бегуноҳ боздошт шуда, иттиҳомоти таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ ва талош барои сарнагугсозии ҳукумати Тоҷикистон низ бар гардани онҳо беасос бор карда шудааст.

Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ беш аз 150 сокини Хуҷанд ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ шуда, аммо нафаре аз онҳо нагуфтааст, ки боздоштшудае ӯро ба сафи Ҳизб-Ут-Таҳрир хондааст ва ё ба ӯ варақаву адабиёти мансуби ин ҳизбро додаст. Падару модар ва ҳамсарони 20 фарди зери мурофиаи додгоҳи Суғд бо иттиҳоми Ҳизб-Ут-Таҳрир қаблан низ аз мавриди лату кӯб ва озору шиканҷа қарор гирифтани пайвандони худ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд ба додситони кулли Тоҷикистон шикоят бурда буданд.
XS
SM
MD
LG