Пайвандҳои дастрасӣ

Шиносномаи хориҷӣ ба зудӣ дар Русия ҳам пайдо мешавад


Хадамоти ОВИР (шуъбаи сабти ном ва муқаррароти визо)-и вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегуянд, ба хотири таъмини аҳолӣ бо шиносномаҳои хориҷӣ дар манотиқи мухталифи кишвар 22 дафтари муваққати ин идора боз шудааст.
Валентина Вишнёва, раҳбари ин идора ба хабаргузории "Авасто" гуфтааст, 8 маркази муваққати ОВИР дар вилояти Хатлон, 6 дафтари дигар дар вилояти Суғд, 5 дафтар дар навоҳии тобеъи пойтахт, 1 маркази ОВИР дар Душанбе ва 1 марзи дигари муваққати ин идора дар вилояти мухтори Бадахшон дар хидмати аҳолӣ қарор доранд.
Аммо тайи 12 рузи фаъолияташ ин марокизи муваққат танҳо барои 350 шиносномаи хориҷӣ дархост гирифтаанд, навиштааст ожонсии "Авасто".
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Азия Плюс" аз қавли мақомоти ҳамин идора навиштааст, ки аз 63 000 шиносномаи хориҷии мавҷуда дар ихтиёри муассисаҳои ОВИР алакай 42 600 донаи он ба фуруш рафта, онҳо ба хотири расидагӣ ба ниёзмандиҳои фазояндаи мардум дар Қазоқистон боз чопи 200 000 дона шиносномаи хориҷии дигарро фармоиш додаанд.
Мақомоти ОВИР ба "Азия Плюс" гуфтаанд, ба зудӣ ба хотири таъмини муҳоҷирини тоҷик бо шиносномаҳои хориҷӣ дафтарҳои вижаи ин идора дар Русияву Қазоқистон ва Қирғизистону Узбакистон низ боз хоҳанд шуд.
Таври маълум, сар аз 1 январи соли 1005 равуои шаҳрвандони тоҷик ба кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Авро-Осиё, бо шумули Русияву Беларус ва Қазоқистону Қирғизистон танҳо бо шиносномаи хориҷӣ сурат хоҳад гирифт. Узбакистон чунин муқарраротро барои шаҳрвандони Тоҷикистон алакай аз моҳи октябри соли равон ҷорӣ кардааст.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG