Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарвати Ҷамол, корхонаҳои афгор, "чернобилчиёни" бемор, хабари хуши "Зиндагӣ"


Холиқи Сангин аз шаҳри Душанбе

НИГОҲИ "ТОҶИКИСТОН" БА КИСАИ "ҶАМОЛ-КОМПАНИЯ"

Нашрияи "Тоҷикистон" дар саҳифаи аввали шумораи ин ҳафтаинаи худ таҳти унвони Ҷамшед Сиёев чӣ дорад, феҳрасти амволи мусодирашудаи ӯро нашр кардааст. Бар асоси навиштаи "Тоҷикистон" феҳрасти амвол ва дороиҳои мусодирашудаи Ҷамшед Сиёев ба шумули манзил, мошинҳои сабукрав, асбобҳои барқиву ҷиҳози хона ва ҳамчунин ороишоти тиллоиву саршумори чорво, 3 миллиону 392 ҳазору 688 сомонӣ ва ё муодили наздик ба якуним миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол "Азия Плюс" нашрияи русизабони чопи Душанбе натоиҷи назарпурсии хонандагонашро дар робита ба қазияи сарвари ширкати "Ҷамол-компания" таҳти рубрикаи "Суоли ҳафта" ба табъ расонидааст. Бар асоси ин назарсанҷӣ, 67 дар сади афроди пурсидашуда ба ин суол, ки оё раҳбарияти ин ширкат тавоноии пардохти маблағи саҳмгузорони худро дорад, ҷавоби рад додаанд. Аз ин миён танҳо 5,5 дар сад посухи мусбат дода гуфтаанд, ки ширкати мазкур метавонад, қарзи худро дар баробари муштариён соф кунад.

"АЗИЯ ПЛЮС": "СИГОРИ ТОҶИКӢ БО ПУЛИ РУСӢ"
"Азия Плюс" роҷеъ ба раванди хусусигардонии корхонаҳои давлатии Тоҷикистон аз қавли мақомоти Кумитаи амволи давлатии ин кишвар навиштааст, ки як корхонаи тамокубарории шаҳри Қазони Русия ахиран дар як тендер мазореъи парвариш ва корхонаи тамокуро дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд бо 615 ҳазор сомонӣ харидорӣ намудааст. "Азия плюс" меафзояд, Русия қасд дорад, бо ихтисоси 300 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти корхонаро бозсозӣ намуда, ҷойҳои нави корӣ фароҳам орад.

ГИРЯИ "НЕРӮИ СУХАН" БА ҲОЛИ КОРХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН
«Нерӯи Сухан» дар матлабе ба вазъи риққатбори корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон пардохта навиштааст, ки имрӯз умури раҳбарӣ дар аксар корхонаҳои истехсолӣ дар ин кишвар ба дасти афродест, ки ба таври тасодуфӣ бо пардохти маблағи ночиз соҳиби корхонаҳо шудааанд. Муаллиф навишта, ба дасти афроди ғайрикасбӣ афтодани умури раҳбарӣ дар корхонаҳои истеҳсолиро як далели аслии муфлисшавии корхонаҳои дар гузашта фаъол ва ҳамчунин бекор мондани садҳо нафар коргарони онҳо унвон намудааст. Ба навиштаи муаллиф, то соли 1991 дар Тоҷикистон 2308 корхонаи истеҳсолӣ фаъол буд, аммо бар асоси омори расмӣ, ин рақам то соли 2002 мелодӣ то ба 1200 адад коҳиш ёфтааст.

ВА ДИЛСӮЗИИ "ВЕЧЕРНИЙ ДУШАНБЕ" БА ҲОЛИ "ЧЕРНОБИЛЧИЁН"
Нашрияи дигари русизабони Тоҷикистон "Вечерний Душанбе" бо нашри як матлаб таваҷҷӯҳи хонандагонро ба вазъи ногувори иқтисодиву иҷтимоии чернобилчиёни тоҷик маътуф доштааст. "Вечерний Душанбе" навиштааст, ки тайи солҳои 1986- 1990 дар кори рафъи авоқиби садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил чоруним ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ширкат намудаанд, ки аз ин миён 800 нафар қобилияти кории хешро аз даст додаанд. Ба эътиқоди муаллиф, ин афрод имрӯз мӯҳтоҷи кӯмаку дастгирии ниҳодҳои ҳукуматианд, зеро бо 25-40 сомонӣ маоши бознишастагӣ онҳо наметавонанд, ҳадди аққал барои худ доруву дармони лозимӣ бихаранд.

ХАБАРИ ХУШИ "ЗИНДАГӢ" БАРОИ МУҲАССИЛИН
Ҳафтаномаи "Зиндагӣ" хабар додааст, ки Бонки Ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, 130 мактаби таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистонро таъмиру тармим намояд. Ба навиштаи ҳафтанома, ин макотиб дар навоҳии Кулобу Восеъ ва Нурободу Шоҳмансури пойтахт ҷойгиранд ва барои итмоми кори таъмири онҳо Бонки Ҷахонӣ 2 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додаст.
XS
SM
MD
LG