Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони узбакро аз Конибодом ронданд


Мақомоти вилояти Суғд, иллати аз ноҳияи Конибодом, 70 километрии шарқи Хуҷанд рондани даҳҳо муҳоҷири кории Узбакистонро риоят нашудани муқаррароти вуруд ва сабти ном аз ҷониби мардикорони узбак арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, мардикорон аз ноҳияи Бешариқи Узбакистон барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар хонаҳои мардуми ноҳияи Конибодом бидуни иҷозанома вориди ин маҳал шудаанд. Ҳарчанд сокинони Конибодом низ мувоҷеҳ ба тангии рӯзгор мебошанд, аммо ҷавонони узбакистонӣ дар ин ноҳияи вилояти Суғд ба мардикорӣ меоянд, то ба гуфтаи худашон баҳри аҳли хонавода маоши зиндагӣ пайдо кунанд.

Як мақоми баландпояи идораи амнияти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, депортатсия барои шаҳрвандони манотиқи наздимарзии Тоҷикистону Узбакистон, ки барои кору тиҷорат ба қаламравҳои ҳамдигар меоянд, чизи тоза нест, зеро теъдоди умдаи онҳо ҳадди аққал як бор таъми аз хоки кишвари ҳамсоя ронда шуданро чашидаанд. Вай афзуд, мақомоти Конибодом ба он хотир муҳоҷирони кории Узбакистонро аз ноҳияи худ берун кардаанд, то аз афзоиши пайвастаи онҳо дар ин ноҳия пешгирӣ намоянд.

Неъматулло Мирсаидов - коршиносони маҳаллӣ мегӯяд, ҳалли мушкилоти равуои шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ба кишварҳои ҳамдигар барои кору зисти муваққатӣ ва ё транзит ба хоҳиши мақомоти ин ду кишвар бастагӣ дорад. Ӯ афзуд, ин ҷумҳуриҳо бояд қонунеро интихоб намоянд, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза диҳад ба қаламрави Узбакистон озодона дохил шуда ва аз он гузашта тавонанд ва ҳамчунин баръакс. Инчунин байни ду давлат бояд созишнома дар бораи муҳоҷирати корӣ ба имзо бирасад.
Ба гуфтаи Неъматулло Мирсаидов, дар акси ҳол давлатҳои Тоҷикистону Узбакистон бо роҳи боздошт ва берун рондани шаҳрвандони ҳамдигар аз қаламравҳои худ ба пешгирӣ аз равуо ва муомилоти кориву тиҷоратии шаҳрвандони якдигар ноил нахоҳанд шуд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG