Пайвандҳои дастрасӣ

Мавҷҳои зимистонии Радиои Озодӣ


Шунавандагони азизи худро огоҳ мекунем, ки сар аз якшанбеи 31-уми октябри соли 2004-ум, бо сабаби гузариш ба вақти зимистонӣ ва барои шунавоии беҳтар, барномаҳои тоҷикии Радиои Озодӣ ба таври илова рӯи мавҷҳои нав низ пахш мешаванд.
Шумо барномаҳои моро аз соати шаш то ҳафти бомдод, ба вақти Душанбе, рӯи мавҷҳои 60, 41 ва 31 метр баробар бо 4760, 7275 ва 9830 килоҳертс; аз соати ҳафт то нӯҳи бомдод рӯи мавҷҳои 41, 31 ва 25 метр баробар бо 7275, 9830 ва 11665 килоҳертс;
Барномаҳои шомгоҳӣ:
аз соати ҳафт то ҳашти шом рӯи мавҷҳои 31 ва 25 метр баробар бо 9695, 11795 ва 11835 килоҳертс; аз соати ҳашт то нуҳу ними шом рӯи мавҷҳои 31 ва 25 метр баробар бо 9695, 11705 ва 11910 килоҳертс; аз соати нуҳу ним шом то соати даҳи шаб рӯи мавҷҳои 60, 31 ва 41 метр баробар бо 4760, 9695 ва 11705 килоҳертс.
Ва инчунин дар ҳамин саҳифаи интернетӣ, ки ҳоло мехонед. Умедворем, ин маълумотро ба дӯстон ва хешони худ низ мерасонед. Барои шумо садои тозаву баланди радиоро орзу мекунем.

Салими Аюбзод, Прага
XS
SM
MD
LG