Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишонагузории майдонҳои мина дар марз бо Ӯзбакистон


Марзбонони Тоҷикистон ба таври якҷониба майдонҳои минакоришударо дар сарҳади кишвари худ бо Ӯзбакистон аломатгузорӣ мекунанд. Ноиби раиси идораи миначинии Тоҷикистон Парвиз Мавлонгулов гуфт, ин амалиёт аз ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд сар шуд. Вай афзуд, тарафи Ӯзбакистон бо вуҷуди ризоияташ ба ин маърака, аз додани харитаи маҳалҳои минакоришуда ба Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилал саркашӣ кард. Ба сурати умум 2 ҳазор нишонаи фулузӣ дар дарозои 70 километри самти рустоҳои Ёрӣ ва Фароб гузошта хоҳанд шуд. Ӯзбакистон аз соли 1999 ба таври яктарафа хатти марзи хеш бо Тоҷикистонро минагузорӣ кард ва мегуяд, ин кор барои пешгирӣ аз вуруди мусаллаҳони исломӣ ба қаламрави он аст, вале то ҳоло наздики 70 нафар ва асосан афроди осоишта дар ин минаҳо таркида, кушта ва ё захмӣ шудаанд.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG