Пайвандҳои дастрасӣ

Судури ҳукми нави раҳбари "Ҷамол-компания"


Додгоҳи Олии Тоҷикистон баъди баррасии дубораи парвандаи қаллобии ширкати муҳрафурушии "Ҷамол-компания" раҳбари он корхона Ҷамшед Сиёевро ин навбат ба 20 соли зиндон маҳкум кард.
Бар асоси ҳукми ҳамин додгоҳ, сармуҳосиби ширкат Виктор Cой ба 12 сол ва муовини раҳбараш Зафар Камолов ба 8 соли зиндон маҳкум шудааст.
Ҷамшед Сиёев бори аввал дар охири соли гузашта аз суи ҳамин додгоҳ ба 11 соли ҳабс маҳкум шуда буд.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон ин навбат раҳбарони ин ширкатро ба қаллобӣ, фиреби мардум ва соҳибкории сохта айбдор донистааст.
Тиҷорати муҳрафурушии "Ҷамол-компания" соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 60 000 нафарро фаро гирифта, ин корхона феълан ҳам аз 26 000 муштарии собиқаш ҳудуди 70 миллион сомонӣ, муодили 23 милион доллари Амрико, қарздор боқӣ мондааст. Ва ин дар ҳолест, ки додгоҳ ҷамъи молу пули бозмонда дар ихтиёри ин ширкатро 3 милиону 200 ҳазор сомонӣ баровард кардааст.
Муҳаммадалӣ Ватанов, муовини аввали раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ва қозии мурофиаи парвандаи ширкати "Ҷамол" мегуяд, мақомот дар ҳоли ҳозир модару хоҳар ва хонуми Ҷамшед Сиёевро низ дар маърази таъқиб гузоштаанд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG