Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари Ҳаҷ ... бо велосипед


Бино ба навиштаи хабаргузории "Азия Плюс", 6 зоир аз вилояти Суғди Тоҷикистон савори велосипед озими Макка шудаанд. Раҳбари ин гуруҳи зоирони велосипедсавор Ҳоҷӣ Ашурбой Низомов ба "Азия Плюс" гуфтааст, худи у бори севвум аст, ки бо чунин восита қасди зиёрати хонаи Худо мекунад.
Ҳоҷӣ Ашурбой мегуяд, агар солҳои пеш зоирин танҳо аз ноҳияи Конибодом бо велосипед ба Макка мерафтанд, ин бор сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ба онҳо ҳамроҳ шудаанд.
Ин гуруҳи зоирин дар роҳи Макка бояд аз қаламрави кишварҳои Узбакистону Туркманистон, Эрону Туркия убур кунанд. Велосипедҳоро барои онҳо корхонаи "Бодом"-и шаҳри Конибодом ҷудо кардааст.
Зоирин қасд доранд, то рузи иди саиди фитр, 14 ноябр худро ба Макка бирасонанд, навиштааст "Азия Плюс".
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG