Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбакистон талабгори визаи транзитӣ шудааст


Ӯзбакистон бе огаҳии пешакӣ мақомоти Тоҷикистонро дар ҷараён гузошт, ки сар аз моҳи октябр шаҳрвандони Тоҷикистон барои убури транзитӣ аз қаламрави Ӯзбакистон бояд виза ва ё раводиди сафар дошта бошанд. Дар ин бора сардори раёсати Кумитаи марзбонии Тоҷикистон Халил Бобоев иттилоъ дод. Вай гуфт, раёсати идораи роҳи оҳани Ӯзбакистон дар номаи расмии худ навиштааст, бе раводиди транзитӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон чиптаи роҳи оҳан дода намешавад. Ба гуфтаи Бобоев ин хилофи созишномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аст. Вай гуфт, ягона навгонӣ ин буд, ки аз аввали соли оянда сафар бо истифода аз шиносномаҳои хориҷӣ ба амал меомад.
Ноиби сардори идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Баҳром Шодиев гуфт, тасмими нави Тошканд дар ягон санади байнидавлатӣ зикр нашудааст ва бе ризоияти тарафайн ба миён омадааст.
Ҳарду мақоми Тоҷикистон гуфтанд, аз овозаҳои дар роҳ дармондани 600 мусофири тоҷик дар Қароқалпоқистон хабар надоранд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG