Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти марзии Душанбеву Маскав дар Сочи идома хоҳад ёфт


Бино ба хабари ожонсии "Азия Плюс", раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон Абдураҳмон Азимов ва ҳамтои руси у Владимир Проничёв рузи панҷшанбе, 28 октябр дар ҳошияи нишасти сарони ниҳодҳои марзбонии кишварҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Сочии Русия масъалаи шурӯъи интиқоли масъулияти ҳифозати марзи Афғонистонро матраҳ хоҳанд кард.
Бар асоси созишномаи марзии имзошуда байни Тоҷикистону Русия дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон, қарор аст, аллакай ҳамин сол масъулияти ҳифозати минтақаи марзии Ишкошим ба марзбонони тоҷик вогузор шавад.Бар асоси он тавофуқот, соли оянда ду минтақаи марзии Хоруғу Қалъаихумб низ дар ихтиёри сарҳадбонони тоҷик қарор хоҳанд гирифт.
"Азия Плюс" менависад, то охири соли 2006 тамоми тули 1270-километрии марзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон таҳти масъулияти нируҳои сарҳадии Тоҷикистон хоҳад омад.
Дар ҳамин ҳол, дафтари гуруҳи марзбонии Русия дар Тоҷикистон мегуяд, марзбонони рус дар минтақаи Маскави марз бо Афғонистон як нафари мусаллаҳро ҳангоми кӯшиши шикастани марз ҳалок кардаанд. Ҳамроҳи дигари ин марзшикан фирор кардааст.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG