Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи баҳси Холид дар Покистон


Котиби аввали Сафорати Тоҷикистон дар Покистон Навруз Баҳодуров мегӯяд, талоши дидор бо наврасе, ки шаҳрванди Тоҷикистон шумурда мешавад, идома дорад ва ин мулоқот бояд дар рӯзҳои наздик ба амал ояд. Аммо ҷаноби Баҳодуров аз табааи Тоҷикистон будани ин наврас ва дар аъмоли террористӣ даст доштани ӯ, ҳамчунин синнусоли вайро зери шубҳа гузошт. Ба ақидаи Баҳодуров, баҳсҳо дар атрофи ин наврас зимни ахбор ва аксҳои нашрияи покистонӣ ба миён омадаанд. Амалдорони Покистон дар бораи ин наврас ба Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод ҳеҷ гуна санади расмӣ нафиристодаанд. Дар айни замон намояндаи Тоҷикистон дақиқ нагуфт, оё аз кӯдакони замони ҷанги Тоҷикистон, ки дар Афғонистон ва Покистон паноҳанда буданд, касе дар ин кишварҳо боқӣ мондааст, ё на.
Матбуоти Покистон хабар дод, ки як навраси 15-солаи тоҷик бо номи Холид, аз собиқ ноҳияи Куйбишеви вилояти Хатлон дар ҷараёни амалиёти зиддитеррористии нирӯҳои амниятии Покистон дар минтақаи Вазиристони Ҷанубӣ боздошт шуда, бе айбномаи расмӣ дар маҳбаси Покистон ба сар мебарад. Ин хабарро як корманди рӯзномаи "Dawn"- и чопи Исломобод ва корманди консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр Абдуалим Норасов ба Радиои Озодӣ тасдиқ кардаанд.
Искандари Хоҷамирзода, Прага
XS
SM
MD
LG