Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаромӯшии як дард ва гирифторӣ ба дарди мудҳиштар


Зарангези Наврӯзшоҳ аз шаҳри Душанбе

Тайи 10 соли ахир теъдоди ҷавонони майнӯш дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, мегӯянд табибону равоншиносон ва ба ақидаи онҳо қариб 60 фоизи ҷавонон маводи спиртӣ истъмол мекунанд ва барои иддае аз онҳо шаробнӯшӣ як беморӣ шудааст. Аммо суоле ба миён меояд, ки ҷавонони тоҷикро чӣ водор мекунад шароб бинӯшанд? Онҳо ин нӯшокии ба гуфтаи худашон, талхи лаззатбахшро танҳо барои сархушии муваққатӣ менӯшанд, ё барои он ки мушкилоти фаровони худро фаромӯш кунанд. Мутахассисон сабаби аслии афзоиши теъдоди майнӯшони ҷавонро дар шароити бади аксарияти онҳо мебинанд. Яъне аксари ҷавонон ягона роҳи раҳоӣ аз фикри бекорӣ ва дигар мушкилиҳои зиндагиро дар истеъмоли шароб мебинанд.

Ҷавонон аксаран барои аввалин бор дар ягон шабнишинӣ ва ё ҷамъомаде аз таъми шароб огаҳ мешаванд ва минбаъд ҳавасманд мешаванду сипас ба ин одат мекунанд, ки дар охир ба бемории майзадагӣ оварда мерасонад, мегӯяд Абдуллоҳи Ташрифзода равонпизишки тоҷик: "Бисёр вақт мешавад, ки ҷавонон бо бемории майзадагӣ ба мо муроҷиат мекунанд ва аз мо зориву тавалло мекунанд, ки ва мегӯянд, ки пушаймон ҳастанд. Ва мо онҳоро ташхис мекунем, аммо онҳо ҳамагӣ ду-се рӯз табобат мегиранд ва гурехта мераванд."

Ағлаби ҷавонон ба гуфтаи худи онҳо шабнишиниҳову ба истилоҳ "вечерҳои" худро бе шароб тассавур намекунанд. Омӯзгорону волидони асосан наврасони шаҳрнишин далел меоранд, фарзандону шогирдонашон аз шабнишиниҳо, ба истилоҳ "ташкилӣ" сархуш бармегарданд ва ё дар баъзе ҳолатҳо ҳатто масти лояқил ба хона намеоянд, балки онҳоро "меоранд". Дар ҳамин ҳол муаллими мактаби 8 шаҳри Душанбе Зиёвуддин Каримов мегӯяд, мактаб аз ҷониби худ барои пешгирии майнӯшӣ дар миёни хонандагон ҳама корро мекунад, аммо дӯстӣ бо як ҷавони бетарбия бас аст, ки ҳамаи таълимҳои онҳо барбод равад.

Салом ҷавон мегӯяд, маротибаи аввалин танҳо ба хотири саломатии як шахси наздикаш шаробро чашидааст: "Ман ҳеҷ гоҳ дар умрам шаробро начашида будам. Як бор дар як маърака шиштем, ҳама май менӯшид ва ман маҷбур шудам ба хотири тағоям 100 грамм арақ бинӯшам." Назирҷон Ниёзов, як донишҷӯи тоҷик бошад, ҳолати мастии худро тасвир карда мегӯяд, аввал хеле хурсанд мешавад, вале ин хурсандиаш чандон дер давом намекунад: "Вақте ман камтар сархуш мешавам, тамоми сирри худро ба онҳо мегӯям. Мехоҳам хурсанд бошам, гапои росту дурӯг гуфта, одамонро механдонам, вале баъд ки ҳушёр шудам, аз алам мегирям."

Дар ҳамин ҳол Абдулло Ташрифзода - табиби тоҷик мегӯяд, шаробнӯшии зиёд махсусан ба сиҳатии наврасону ҷавонон таъсири манфие мерасонад, ки табобати он мушкил ва заҳматталаб аст ва гузашта аз ин шароби зиёд шуури онҳоро аз инкишоф бозмедорад. Як сабаби дигари афзудани шаробнӯшиву шаробхорӣ дар миёни ҷавонону наврасони тоҷикро дар он мебинанд, ки атфолу наврасон бемамониат метавонанд аз ҳар кадом фурӯшгоҳи дилхоҳ шароб ва ё сигор бихаранд, агарчӣ дар иддае аз мамолик фурӯши шароб ва сигор ба наврасону ҷавонони то 18-сола манъ аст. Ягона санаде, ки дар ин авохир парлумони Тоҷикистон барои ҷилавгирй аз афзудани шаробхорӣ дар ин кишвар тасдиқ кард, он ҳам маҳдуд кардани реклама ва ё тарғиботи маҳсулоти спиртӣ дар Тоҷикистон аст.

Вобаста

XS
SM
MD
LG