Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Афғонистон нирӯ нафиристодааст


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари вуруди нирӯҳои Тоҷикистонро ба Афғонистон рад кард ва гуфт, созишнома бо НАТО чунин иқдомро дар назар надорад.
Ин хабар дар саҳифаи интернетии Шабакаи иттилоърасонии Афғонистон, таҳти унвони "Нирӯҳои низомии Тоҷикистон дар Афғонистон" ба нашр расид. Тибқи он, гӯё дар дидори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Дабири кулли НАТО Яап де Ҳуп Схеффер дар ҳафтаи гузашта дар Душанбе, тасмим гирифта шудааст, ки то шуруъи давраи фармондеҳии Туркия ба ISAF дар Афғонистон нирӯҳои Тоҷикистон ба Афғонистон фиристода шаванд.
Аммо ноиби вазири умури берунаи Тоҷикистон С. Насриддинов дар гуфтӯгу бо Радиои Озодӣ, ин хабарро беасос номида, гуфт: "Қувваҳои низомии Тоҷикистон дар Афғонистон нестанд ва Тоҷикистон нақшаву нияти фиристодани нирӯ ба Афғонистонро надорад."Дар робита ба созишномаи нави НАТО ва Тоҷикистон, ин амалдори вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, Тоҷикистон ба нирӯҳои НАТО иҷоза медиҳад, ба воситаи қаламрави Тоҷикистон вориди Афғонистон шаванд.
Абдуқаюми Қаюмзод, шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG