Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин мактаби Файзобод ба Интернет пайваст


USAID - Оҷонси рушди байналмилалии Амрико дар чаҳорчӯби як барнома бо номи "Маърифати компютерӣ" мусоидат намудааст, ки дар яке аз ноҳияҳои шарқи Тоҷикистон барои нахустин бор як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ бо шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст гардад. Мактаби таҳсилоти ҳамагонии мазкур, ки дар маркази ноҳияи Файзобод 60-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст, ҳамакнун дар ин самти кишвар ягона мактаби миёнаест, ки хонандагонаш ҳамзамон бо омӯзишии назариявии корбурди компютер ва истифода аз почтаи электронӣ имкон ёфтаанд, пушти мизҳои дарсӣ ройгон аз интернет истифода баранд.

Меҳриддин Содиқов, ҷонишини сарвари мактаб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як мавҷгири қавии моҳворавӣ ҳамроҳ бо 30 адад компютер ва сойир таҷҳизоти зарурӣ бо маблағи ҷудонамудаи USAID харидорӣ гашта, тавассути созмони Relief International як созмони байналмиллалӣ насбу роҳандозӣ гардидааст. Оқои Содиқов гуфт, бо фаъол гардидани маркази интернетӣ дар мактаб ҳамарӯза хонандагон дар сооти дарси компютерӣ бо кӯмаки омӯзгорон бо равиши кор бо Интернет ошно мешаванд ва истифода аз онро меомӯзанд. Умед як нафар хонандаи синфи 8 дар ин робита гуфт, ӯ ва дӯстонаш аллакай мустақилона аз ӯҳдаи кор бо Интернет мебароянд.

Умед меафзояд, шахсан ӯ ҳоло чанд почтаи электронӣ дорад ва тавассути мукотибаи интернетӣ дӯстони зиёде дар хориҷ аз кишвар пайдо намудааст. Ба гуфтаи ҷонишини сарвари мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 35 ноҳияи Файзобод, дар баробари хонандагону омӯзгорон дигар хоҳишмандони сокини ноҳия низ метавонанд, ба таври ройгон аз хидмати маркази тозатаъсиси интернетӣ дар мактаби мазкур истифода намоянд. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, Оҷонси рушди байналмилалии Амрико тасмим гирифтааст, дар доираи як барномаи вижа то як соли дигар барои хонандагон дар беш аз 10 мактаби таҳсилоти ҳамагонии навоҳии шарқи Тоҷикистон заминаи истифодаву роҳандозии шабакаи интернетро ба таври ройгон фароҳам орад.
Холиқи Сангин ноҳияи Файзобод
XS
SM
MD
LG