Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти навраси 15-солаи тоҷик бо иттиҳоми узвият дар Ал-қоида


Соҷидаи Мирзо

Нашрияи англисизабони Покистон «Dawn» аз боздошти як бачаи 15-солаи тоҷик дар минтақаи Вазиристони Ҷанубӣ хабар дода, гуфтааст, ки ин наврас ҳангоми гузоштани бомба дар роҳи минтақаи Ванна ба даст афтодааст. Ба маълумоти «Dawn» ҳодиса дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки нерӯҳои ҳукуматӣ дар ин манотиқ амалиёти зиддитеррористӣ пеш мебурданд. Хабарнигорони нашрия, ки дар ҳузури мақомоти низомӣ бо ин бачаи тоҷик сӯҳбат доштанд, мегӯянд, ки писарак худро Холид номидаст ва гуфтааст, ки аз минтақаи Куйбишеви Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи хабарнигорон, ин писар ҳангоми чаҳор навраси дигар аз ҷониби ашхоси ниқобпӯш рабуда шуда, сипас ба Покистон интиқол ёфтаст. Вале ба гуфтаи рӯзномаи «Dawn», Холид гуфтааст, мехоҳад ба назди модараш баргардад ва хоҳиши ширкат дар ҷиҳодро надорад.

Хабарнигори нашрияи мазкур дар Пешовар Зулфиқор Алӣ дар робита ба ҷузъиёти хабар ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мо ин хабарро асосан аз мақомоти низомӣ шунидем. Аммо мушкилот ин аст, ки ягон ниҳод ва ё оҷонсии мустақиле нест, ки бо афроди боздоштшуда мулоқот карда бошанд. Дар ин ҷо созмонҳои зиёди нозири ҳуқуқи башар ҳастанд, ба мисли Ҳюман Райтс Вотч ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, аммо инҳо ҳам ба он афрод дастрасӣ надоранд. Мақомоти низомӣ, мегӯянд, он наврас аз Тоҷикистон аст. Ин бача дар ҳузури мақомоти низомӣ бо хабарнигори "Dawn" сӯҳбат карда, гуфтааст, вай аз Тоҷикистон рабуда ва ба Вазиристон оварда шудааст. Ман намедонам, ки ин дуруст аст ва ё не. Ӯ тамоми ин достонро дар назди мақомоти интизомӣ гуфтааст, на ба додгоҳ ва ё ниҳодҳои мустақил ва барои ҳамин тасдиқи он аз ҷониби ниҳодҳои мустақил, ки у аз Тоҷикистон рабуда шудааст феълан вуҷуд надорад."

Консулгарии Тоҷикистон дар Исломобод гуфт, ки аз ин ҳодиса огоҳ аст, вале рабти Холидро ба гурӯҳҳои ифротгаро комилан рад кард. Ходими аршади консулгарӣ Абдуалим Норасов дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ба қавли матбуоти Покистон, гӯё ӯро 3-уми октябр дастгир кардаанд, вале он шахс на ба ҳаракати Ал-қоида, на Толибон ва на дигар гурӯҳҳои террористӣ рабт надорад. Мо дар ҷараёни ин ҳодиса ҳастем ва таҳқиқ мекунем ва кӯшиш мекунем, то нуқтаи охир таҳқиқотро бубарем ва бо он наврас сӯҳбат кунем ва ҳақиқати ҳолро аз забони ӯ бифаҳмем."
XS
SM
MD
LG