Пайвандҳои дастрасӣ

Муомилаи шоистаи ибрат


Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд Шоҳроҳи Ботканд-Исфара на танҳо қисмати шарқу ғарби Қирғизистонро, балки Хуҷанд - маркази вилояти Суғди Тоҷикистонро бо вилояти Бадахшону шаҳри Душанбеи ин кишвар давоми сол васл хоҳад кард.

Дар баробари бунёди хати барқи Ботканд - Конибодом ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчунин ба бозсозии роҳи Исфана - Ӯш шурӯъ кардаанд. Ин шоҳроҳи мошингарди Қирғизистон, ки қисматҳои шарқиву ғарбии ин кишварро ба ҳам васл мекунад, аз ноҳияи Исфараи Тоҷикистон, 130 километрии шарқи Хуҷанд мегузарад ва дар оянда Тоҷикистон низ тибқи як созишнома бо Қирғизистон имкон пайдо хоҳад кард, аз ин роҳ истифода ва давоми сол иртиботи нақлиётии Хуҷанд - Бадахшон - Душанберо таъмин намояд. Шоҳроҳи Исфана - Ӯш дар ду ҷо аз қаламравҳои Тоҷикистону Узбакистон, убур мекунад, аз байни ноҳияи Исфара ва ҷазирақаламрави (анклав) Сӯх.

Вале ҳамакнун ҷониби Қирғизистон тасмим гирифтааст, бо кӯмаки роҳсозони Суғд тақрибан 60 километр қисмати роҳро, ки хоки Узбакистонро гузар мекунад, аз нав дар замини худ, аз канори ҷазирақаламрави Сӯх бисозад. Ҳомидҷон Ҷамолов - муовини сарвари шӯъбаи сохтмони ҳукумати Суғд дар ин бора мегӯяд: «Ҳозир роҳсозони вилояти Суғд бо ҳамкасбони худ аз вилояти Ботканд барои бунёди як қисмати роҳи Исфана - Ӯш ҳамроҳ кор карда истодаанд. Мо техникаи зарурӣ низ ҷудо кардаем.»
Оқои Ҷамолов афзуд, ҳамчунин васли ду қисмати аз ҳам гусастаи шоҳроҳи Исфана - Ӯши Қирғизистон дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон низ дар назар гирифта шудааст. Ҷониби Тоҷикистон тибқи созишномае, ки бо Қирғизстон моҳи майи соли равон ба имзо расонидааст, дар Исфара барои қирғизҳо як пораи замин барои бунёди рофи чаҳоркилометрӣ ҷудо мекунад. Бар ивази қитъаи замине, ки ҷониби Қирғизистон барои кашидани хати барқи Боткан-Конибодом дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштааст. Истифодаи ин пораҳои замини якдигар аз ҷониби Қирғизистону Тоҷикистон, мувофиқи созишнома барои 49 сол муқаррар шудааст.

Вале шоҳроҳи Исфана - Ӯши Қирғизистон дар оянда ба ҷониби Тоҷикистон чӣ манфиати иқтисодиву сиёсие хоҳад овард? Дар ҷавоб ба ин савол Нарзулло Дадобоев - сарвари маркази иттилоъотии ҳукумати Суғд мегӯяд: «Вақте ки ин роҳ ба истифода дода мешавад, мошинҳои сабукрав ва боркаши Тоҷикистон фаслҳои зимистону баҳор метавонанд, тавассути қаламрави Қирғизистон ба Бадахшон ва аз он сӯ ба Душанбе сафар кунанд.»
Оқои Дадобоев афзуд, ин ягона роҳи автомобилгарде хоҳад буд, ки иртиботи нақлиётии қисматҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистонро дар давоми 12 моҳи сол таъмин хоҳад кард. Зеро бо баробари фаро расидани фасли сармо роҳи ягонаи Хуҷанд-Душанбе ба воситаи гарданаи Анзоб баста мешавад. Аммо Ҷумҳурии Узбакистон убури қаламравашро барои нақлиёти автомобилии Тоҷикистон манъ кардааст.
XS
SM
MD
LG