Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи раҳоӣ аз дасти ғоратгарон


Фирӯз Баротов аз шаҳри Душанбе

Муҳоҷирони кории тоҷик бо назардошти таҷрибаи талхи иддае аз ҳаммаслаконашон, ки ҳангоми бозгашт ба ватан дар қатораҳо ғорат ва аз музди бо азоб ҷамъовардаи худ дар як он маҳрум шудаанд, дигар пулҳои худро дар дохили тоқиву ҷомаву палтои худ пинҳон карда, ба Тоҷикистон намеоранд. Онҳо роҳи осон ва бехатареро интихоб намудаанд, ки он ҳам интиқоли пул таввасути бонкҳо аз Русия ва дигар кишварҳои муштаракулманофеъ ба Тоҷикистон аст.

Афзоиши муҳоҷирати корӣ ва мусофирати афзояндаи тоҷикон ба хориҷ сабаб шудааст, то бонкҳои Тоҷикистон воситаҳои нави интиқоли пул аз хориҷ ба ин кишварро пайдо ва пешниҳод кунанд. Яке аз онҳо "Агроинвестбонк" дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои "Анелик", "Контакт" ва "Автобанк"- и Русия ба мизоҷони худ хидмат мерасонад. Самандар Ҳайдаров - сардори раёсати фаъолияти арзии "Агроинвестбонк" мегӯяд, таввасути системаҳои "Анелик" ва "Контакт" дар муддати аз 5 то 15 дақиқа пули мизоҷон аз кишварҳои мухталифи дунё ба Тоҷикистон ирсол мешавад ва ҳаққи хидмат барои он, танҳо 3 фоизи маблағи фиристодашудааст. Самандар Ҳайдаров гуфт, барои мардикори оддӣ ва камсавод ҳам ҳуҷҷатнигорӣ барои ирсоли пул соддаву осон аст.

Яке аз рақибони "Агроинвестбонк", "Ориёнбонк" аз он таъриф мекунад, ки назар ба дигар бонкҳо барои ирсоли пул навъҳои зиёдтари чунин хизматрасонӣ дорад. "Ориёнбонк" дар баробари системаи "Анелик" таввасути "Вестерн Юнион", "Мигом" ва "Ориён-лайн" ба ирсоли пул машғул аст. Ба воситаи "Ориён-Лайн" муҳоҷирон ва ё ҳар каси дигар метавонад, танҳо аз шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург ба Душанбе пули ҷамъовардаашро бифристад.
Шӯҳрат Исматулоев - сардори департаменти муносибатҳои байналмилалии "Ориёнбонк" гузоришро давом медиҳад: "Ин ҳам яке аз системаҳои оддӣ мебошад, ки шаҳрвандони мо дар ин ҷо метавонанд, дар давоми як рӯз пулро бигиранд."

Шӯҳрат Исматуллоев мегӯяд, хидматрасонӣ таввасути "Вестерн Юнион" гаронтар аст, зеро ширкати мазкур дар аксари кишварҳои дунё намояндагӣ дорад ва масрафоти зиёд низ дорад. Аммо аз моҳи сентябр барои нафароне, ки аз Федератсияи Русия маблағ ирсол мекунанд, арзиши хизматрасонӣ ба маротиб кам карда шудааст, махсусан бо назардошти он, ки муҳоҷирони корӣ маблағҳои бузург ба даст намеоранд ва ҳар тангаи худро мехоҳанд, ҳифз кунанд. Самандар Ҳайдаров - сардори раёсати фаъолияти арзии "Агроинвестбонк" мегӯяд, ахиран онҳо бо "Импексбанк"-и Русия шартнома бастаанд, ки тибқи он василаи нави ирсоли пул, ба роҳ монда мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, таввасути ин шабака дар муддати аз 5 то 15 дақиқа пул ба унвони шахси дилхоҳ мерасад ва танҳо 2 фоизи маблағи равоншуда барои хақққи хизмат ситонида мешавад. "Ориёнбонк" бо бонкҳои Русия гуфтушунид дорад, то системаи "Контакт"- ро низ истифода барад. Гуфта мешавад дар 9 моҳи соли ҷорӣ бо тариқи "Агроинвестбонк" беш аз 116 милион доллар ва 351 миллион рубли русӣ, таввасути "Ориёнбонк" ба Тоҷикистон ирсол шудааст.
XS
SM
MD
LG