Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи дарднок ба раиси Ҳизби Сотсиалист


Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе Мирҳусайн Назриев - раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон посухи вазорати адлия ин кишвар, ки интихоби ӯ ба ин вазифаро хилофи ойиннома ва муғойир ба муқаррарот хондааст, мудохила ва кӯшиши ташкили табаддулот дар дохили ин ҳизб арзёбӣ кард.

Дар посухи вазири адлияи Тоҷикистон Халифабобо Ҳомидов ба шикояти Абдуҳалим Ғаффоров, ки бо баргузории як анҷуман дар моҳи июни соли ҷорӣ худро раиси ин ҳизб эълом кардааст, гуфта мешавад, интихоби Мирҳусайн Назриев ба сифати раиси Ҳизби состиалисти Тоҷикистон (ҲСТ) ва куллияи ҷаласоту анҷуманҳои доиршуда дар замони раҳбарии вай, хилофи ойинномаи ҳизб ва ва муғойир ба Қонуни аҳзоби сиёсӣ будааст. Рустам Менглиев - муовини вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни санҷиши фаъолияти ҳизби мазкур норасоиҳо ва нақзи муқарароти ойинномавӣ ошкор шуд.

Оқои Менглиев анҷумани ахири ин ҳизб дар моҳи августи соли равонро, ки Мирҳусайн Назриевро дубора раиси ҳизб интихоб кард, низ ғайриқонунӣ хонд. Аммо муовини вазири адлияи Тоҷикистон ба суоли мо, ки дар номаи вазорат Абдуҳалим Ғаффоров ба ҳайси раиси ҳизб муаррифӣ шудааст ва оё ин эътироф ва ё таъкиди қонунмандии ҷиноҳи зери раҳбарии ӯро аз ҷониби мақомот ифода хоҳад кард, посухи дақиқ надод.
Вай гуфт, ин масъалаи хеле нозук аст ва он бояд дар дохили худи ҳизб ҳал шавад: "Нома - посух ба муроҷиати Ғаффоров буд. Мо низ ба он ҷавоб додем ва як нусхаро ба Назриев фиристодем, ки он кас низ аз ин огоҳ бошад. Лекин вайронкунии ойинномаи ҳизб дар онҷо дар назар аст, бинобар ин ҳам ба ин чиз бояд худи онҳо баҳо диҳанд."

Ин ҳам дар ҳолест, ки Мирҳусайн Назриев - раиси ҷиноҳи қаблии ин ҳизб мегӯяд, азбаски вай аз даъватҳои мукаррари мақомот ҷиҳати қатъи узвияти ҳизб дар Эътилофи аҳзоби сиёсии мухолиф барои интихоботи шаффофу демократӣ сарфи назар кард ва Ҳизби сотсиалист дар радифи аҳзоби мухолифи давлат қарор гирифт, шеваи муносибати вазорати адлия бо онҳо тағйир кард. Ба эътиқоди оқои Назриев, вазорати адлия бо дастур ва ҳидояти афроди алоҳида аз мақомоти болоӣ қазияро якҷониба баррасӣ мекунад: "Эродҳои вазорати адлияи Тоҷикистон ҳамчун табаддулоти мақомоти расмӣ дар дохили ҲСТ пеш аз оғози маъракаҳои муҳими сиёсӣ, интихоботи Маҷлиси Олӣ ва интихоботи президенти Тоҷикистон дар соли 2006 маънидод менамояд."

Аммо Абдуҳалим Ғаффоров, ки худро раиси қонунии Ҳизби сотсиалист муаррифӣ кард, дар сӯҳбат бо мо гуфт, идомаи муноқишаи ӯ бо Мирҳусайн Назриевро минбаъд дар додгоҳ ба итмом хоҳанд расонд: "Вазорати адлия баъд аз ҳаматрафа омӯхтан ва баррасӣ намудани асноди пешниҳодӣ аз тарафи мо, ба чунин хулоса омад, ки ҳамаи қарорҳо ва санадҳое, ки пешниҳод кардем, дар асоси ойинномаи ҲСТ буда, ҳуҷҷатҳо ва қарорҳое, ки Мирҳусайн Назриев пешниҳод кардааст, хилофи ойиннома мебошад."
Аммо Мирҳусайн Назриев, ки вазорати адлияи кишвар раисии ӯро ба ҲСТ, таҳти тардид қарор додааст, мегӯяд, ба баргузории мунсифонаи муҳокимаи додгоҳ хушбин нест. Аммо бо ин вуҷуд дар асоси аризаи ӯ додгоҳи ноҳияи Ибни Синои шаҳри Душанбе Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев - раҳбарони ҷиноҳи дигари ин ҳизбро ба ҳайси ҷавобгар дар ҷаласаи аввали худ мавриди пурсиш қарор додааст. Ба гуфтаи ӯ, ҷаласаи баъдӣ дар ин додгоҳ дар авохири моҳи равон сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG