Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия қарзи Тоҷикистонро комилан ботил кард


Кобинаи вазирони давлати Русия дар ҷаласаи рузи панҷшанбе, 21 октябр маҷмуъи тағйиру иловаҳо ба матни созишномаи танзими қарзи давлатии Тоҷикистонро таъйид намуд.
Бино ба гузориши хабаргузории "Интерфакс", вазири дороии Русия Алексей Кудрин дар ҷаласаи ҳукумат гуфтааст, ки то таърихи 15 июли соли равон қарзи Тоҷикистон аз Русия маҷмуъан ба 299 670 000 доллар баробар шуда, фоизи он бештар аз 6 миллион доллари дигарро ташкил медод.
Алексей Кудрин гуфт, пешниҳод шудааст, ки 242 429 000 доллари қарзи мазкур ба ҳаққи моликияти Русия бар маркази назорати кайҳонии Норак иваз шуда, 50 милён доллар дигари қарзи Тоҷикистон ҳамчун сармоя ва саҳми Русия дар амри идомаи сохтмони ниругоҳи Сангтуда шинохта шавад.
Вазири дороии Русия Алексей Кудрин гуфтааст, ин сохтмон бояд дар 4 соли оянда ба итмом расида, Русия дар баҳои ин 50 миллион доллар саҳмияҳои он корхонаро ба даст бигирад, вагарна қарзи Тоҷикистон бо ҳама фоизу пардохтҳои 4 соли ояндааш аз дигар барқарор карда хоҳад шуд.
12 миллион доллар қарзи бозмондаи Тоҷикистонро, қарор аст, Бонки Марказии Русия ботил кунад. Ба ин тартиб, гуфтааст оқои Кудрин, қарзи Тоҷикистон аз Русия ба пуррагӣ соф мешавад.
XS
SM
MD
LG