Пайвандҳои дастрасӣ

Эъломияи нави Манилов доир ба марзи Тоҷикистону Афғонистон


Русия то охири соли равон ҳимояти се қитъаи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро ба ихтиёри сарҳадбонони тоҷик мегузорад. Дар ин бора рӯзи ҷумъа муовини раҳбари Хадамоти марзбонии Русия генерал Александр Манилов хабар додааст. Ба қавли ӯ ҷараёни таҳвили муҳофизати марз аз самти Помир, аз минтақаҳои марзии Хоруғ, Қалъаи Хумб ва Ишкошим шурӯъ хоҳад шуд.
Вай афзудааст, дар ҷараёни соли 2005 он қитъаҳои марзеро дар ихтиёри сарҳадбонони тоҷик мегузоранд, ки онҳоро сарҳадбонони отрядҳои марзбонии Маскав ва Панҷ муҳофизат мекунанд. Генерал Манилов ҳамчунин дар шаҳри Маскав ба хабарнигорон эълом додааст, вогузории ҳимояти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба дӯши сарҳадбонони тоҷик то охири соли 2006 ба поён хоҳад расид.

Пас аз таҳвили ҳимояти марз ва моликияти марзбонони рус ба посбонони тоҷик дар Тоҷикистон гурӯҳи оперативии Хадамоти марзбонии Русия таъсис дода мешавад. Аъзои гурӯҳ дар кори ҳимояти марз ба сарҳадбонони тоҷик кӯмак мекунад ва танҳо масъулияти мушовириро хоҳанд дошт. Генерали рус бо қотеъият гуфтааст, марзбонони рус аз Тоҷикистон намераванд, онҳо дар ин буданд ва хоҳанд монд.
Генерали рус баръакси гуфтаҳои пештарааш иброз доштааст, умедвор аст, ки пас аз ба ихтиёри марзбонони тоҷик гузаштаи ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Тоҷикистон ва сипас ба Русия афзоиш нахоҳад ёфт.
Тоҳири Сафар
XS
SM
MD
LG