Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишвари шоҳиди ҷанг муҳассилинро низоъшиносӣ меомӯзад


Вазорати маорифи Тоҷикистон, тасмим гирифтааст, аз соли оянда дар макотиби олии ин кишвар, ки равоншиносон бисёре аз муҳассилини онро агресив ва камтаҳаммул медонанд, фанни нав, яъне низоъшиносиро ҷорӣ намояд. Барои тадриси ин фанн ва таҳияи китоби низоъшиносӣ ба вазорати маорифи Тоҷикистон Донишгоҳи байналмилии «Гуфтугӯи давомдор»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бунёди Кетрин ва Кумитаи ҷамъиятии мусоидат ба равандҳои демократӣ кӯмак мекунанд.

Тибқи ин барнома 24 устоди 8 донишгоҳи пойтахт дар семинарҳои махсус, ки мутахасиссони амрикоӣ дарс мегуфтанд, омӯзиш дида ва дар ҳамкорӣ бо профессорони хориҷӣ китоби низоъшиносиро барои донишҷӯёни тоҷик таҳия намудаанд. Китоби мазкур дар вазорати маорифи Точикистон мавриди баррасӣ қарор дорад ва интизор меравад, ба зудӣ барои тадрис тавсия дода шавад.

Парвиз Муллоҷонов - сиёсатшинос ва раҳбари Кумитаи ҷамьиятии мусоидат ба равандҳои демократӣ мегӯяд, маърифати низоъшиносӣ яке аз рукнҳои асосии ҷомеъаи демократӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ мегӯяд, ҷорӣ намудани ин барнома дар нақшаҳои таьлимии мактабҳои олии кишвар судманд аст ва роҳе барои ҷилавгирӣ аз низоъҳо шуда метавонад. Зеро мегӯяд Муллоҷонов, ба муҳассилин роҳҳои муоширати судманд, ҳалли низоъро меомӯзад ва эҳсоси масъулиятшиносии насли наврасро боло мебарад: "Омӯхтани низоъшиносӣ на танҳо барои донишҷӯён ва муаллимон, балки умуман барои мардум хеле зарур аст, чунки фаҳмидан ва дарк кардани решаҳои низоъ дар тамоми сатҳҳо барои ҷилавгирӣ кардани низоъ хеле муҳим аст ."

Донишҷӯён дар ду бахш таълим мегиранд. Дар бахши аввал ба онҳо умуман дар бораи илми низоъшиносӣ ва таҷрибаи давлатҳои мухталиф дар ҳалли низоъҳо маълумот медиҳанд. Дар бахши дуввум бошад, таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон омӯхта мешавад. Устоди Донишгоҳи омӯзгорӣ, равоншинос Нафиса Муродова мегӯяд, донишҷӯён ва мактаббачагон ғолибан агрессиванд. Дар бисёри мавридҳо миёни худ мухолифат ва мушкилро бо зӯроварӣ ҳал мекунанд, аз ин рӯ пиёда намудани фанни низоъшиносӣ, на танҳо дар донишгоҳҳо, балки дар мактабҳои миёна низ зарур аст: "Дар бораи он ки низоъро, конфликтҳоро чӣ гуна ҳал намудан мумкин аст, моро ҳеҷ кас намеомӯзонад имрӯз ва на мактаббачагонро ва на ҷавононро, ки мо ҳар рӯз дар ҳавлиҳои донишкадаҳо, мактабҳо мебинем, чӣ гуна бо ҳамдигар муомила мекунанд, занозанӣ мекунанд, ба пушти мактаб рафта, якдигарро мезананд ва мекӯбанд."

Равоншиносон мегӯянд, таҳҳамулнопазирӣ ва ҷангҷӯӣ дар рӯҳияи наврасону ҷавонон таъсири солҳои бесарусомонӣ аст. Ҳарчанд аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон чанд сол сипарӣ шуда бошад ҳам ҳолати рӯҳии наврасон қариб бетағйир боқӣ мондааст, гуфт Нафиса Муродова: "Ҳамаи муаллимон, омӯзгорон мегӯянд, ки бачаҳо бисёр агрессив ҳастанд, дар ҳаяҷонанд. Ва гап дар он аст, ки ҳолатҳои баъд аз зарбаҳои равонӣ, яъне посттравмаҳо ҳатто аз насл ба насл мегузаранд." Бо тасдиқи дастури таълимии фанни низоъшиносӣ аз ҷониби вазорати маорифи Тоҷикистон, аз соли нави хониш он таълим дода мешавад. Ҳамзамон китоби дарсӣ аз забони тоҷикӣ ба забонҳо русӣ ва англисӣ тарҷума хоҳад шуд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG