Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаласаи вазоратҳои умури дохилаи Тоҷикистон ва Русия


Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе

Вузарои умури дохилаи Тоҷикистон ва Русия бар зарурати танзими раванди муҳоҷирати ғайриқонунии атбои тоҷик ба ин кишвар таъкид карданд. Рашид Нургалиев - вазири умури дохилаи Русия, ки дар анҷоми шашумин ҷаласаи муштараки вазоратхонаҳои дохилаи ду кишвар дар Душанбе бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ба маҳзи адами танзим ва зери назорат набудани ҷараёни муҳоҷирати ғайриқонунӣ амалҳои даҳшатафканӣ ва тахрибкорӣ дар Русия афзоиш ёфтааст. Оқои Нургалиев гуфт, аз раванди муҳоҷирати ғайриқонунӣ аъзои гурӯҳҳои террористӣ, қочоқчиёни маводи мухаддир, гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ бар манфиати худ истифода мекунанд.

Вазири умури дохилаи Русия зимни истиқбол аз тасвиби созишномаи муҳоҷират миёни Тоҷикистон ва Русия афзуд, акнун имконияти танзими ҳуқуқии раванди муҳоҷирати ғайриқонунӣ фароҳам шудааст. Вай дар посух ба ин суол, ки то чӣ ҳад ин созишнома метавонад, мушкилоти муҳоҷирини тоҷик дар Русияро осон кунад, гуфт: "Ин созишнома шароити танзими раванди муҳоҷирати ғайриқонуниро мусоид, риояти ҳуқуқҳои иҷтимоӣ муҳоҷирон ва ҳамчунин таъмини фаъолияти кории муҳоҷирони кориро кафолат медиҳад."

Ҳумдин Шарифов - вазири дохилаи Тоҷикистон ҳамкории миёни ниҳодҳои интизомии Русия ва кишварашро мусбат арзёбӣ кард. Вай гуфт, бо дархости ҷониби Душанбе 68 тан аз атбои тоҷик, ки таҳти пайгарди қонунӣ қарор доштанд, дар Русия боздошт ва 12 нафари онҳо ба Тоҷикистон истирдод шудаанд. Ба қавли вазири дохилаи Тоҷикистон, феълан 250 шаҳрванди ин кишвар, ки мавриди ҷустуҷӯи мақомот қарор доранд, дар шаҳрҳои Русия паноҳ бурдаанд. Аммо вазири дохилаи Тоҷикистон ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва мубориза бо гурӯҳҳои қочоқчиро аз авлавиятҳои фаъолияти нирӯҳои интизомии ҳарду кишвар арзёбӣ кард. Вай гуфт, тавассути кормандони вазорати дохила танҳо дар нӯҳ моҳи соли равон беш аз 2 тонна маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст.

Ба ҳамин тартиб, дар ҷаласаи муштараки вазоратҳои умури дохилаи Русия ва Тоҷикистон дар баробари масоили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ифшосозии гурӯҳҳои террористӣ ҳамчунин мавзӯи табодули иттилоъот ва мавзӯоти ҷаласаи минбаъда баррасӣ шудааст. Дар поёни ҷаласаи муштараки вазоратҳои Русия ва Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни ду вазорат барои солҳои 2005-2006 ба тасвиб расид. Дар ҷараёни дидори Рашид Нургалиев - вазири дохилаи Русия бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ мавзӯи меҳварӣ раванди муҳоҷирати ғайриқонунӣ будааст. Дар ин мулоқот масъалаи эҷоди шароити мусоид барои муҳоҷирони кории тоҷик ҷиҳати дарёфти шиносномаи хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар ба таври мусбат ҳал шудааст.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG