Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоятҳои шогирдону устодон аз ҳамдигар


Зарангези Наврӯзшоҳ аз шаҳри Душанбе

Шурӯъ аз авоили моҳи октябр онҳое, ки мехоҳанд пас аз хатми донишкадаҳо таҳсили илмро идома диҳанд ва ба таҳқиқ бипардозанд, ба ҳуҷҷатсупорӣ ба аспирантураҳои донишгоҳҳо ва муасиссаҳои илмии тобеъи Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон шурӯъ карданд. Тибқи иттиллоъи вазорати маориф ҳар сол дар ҷумҳурӣ танҳо беш аз 500 то 700 нафар аз рӯи ихтисосҳои гуногун ба аспирантура шомил мешаванд. Аммо ба гуфтаи мақомоти донишгоҳҳо ва Фарҳангистони Улум нисбат ба солҳои қаблӣ дар соли равон шумораи довталабони таҳсил дар аспирантура зиёдтар ба назар мерасад.

Ба гуфтаи Меҳриниссо Зуҳурова - мудири шӯъбаи аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон ҳар сол ба донишгоҳ беш аз 60 аспирант қабул карда мешуд, ки ин шумораи ночиз аст. Ба гуфтаи ӯ, хатмкунандагони донишманду соҳибмаърифат низ ҳам хоҳиши таҳсил дар аспирантура надоштанд ва аз сӯи дигар шароити бади зиндагӣ сабаб мешуд, бархе таҳсили худро поён надода, бираванд. Меҳриниссо Зуҳурова омили соли равон зиёд шудани довталабони таҳсил дар аспирантураро чунин арзёбӣ кард: "Соли гузашта барои баланд бардоштани қарори баланд бардоштани стипендияи аспирантҳо буд. Ва ҳозир аспирантҳои шӯъбаи рӯзона ҳамҷми 60 сомонх идрорпулӣ мегиранд. Ба фикрам ҳамин шумораи хоҳишмандонро ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантура зиёд кард."

Исмоил Сафаров - сардори идораи илми вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, соли ахир вазорати онҳо барои аспирантон шароит фароҳам овард, то мушкили рӯзгори онҳо кам ва имкони таҳқиқу омӯзиш барояшон бештар шавад. Аз ҷумла мегӯяд, ӯ ба онҳое, ки манзили зист надоранд, хобгоҳ дода мешавад. Исмоил Сафаров ҳамчунин аз қарори наве доир ба аспирантҳо ёдовар шуда афзуд: "Мувофиқи қонун аспирант ҳуқуқ дорад, як моҳ дар рухсатӣ бошад ва дар ҳамин вақт ду маош барои харидани китобу дигар васоити таълимӣ пул гирад."
Аммо Ҷавҳарбӣ Насимова, аспиранти соли аввали шӯъбаи физикаи Донишгоҳи Миллӣ мегӯяд, онҳо чандин бор ваъдаҳои хубу ба истилоҳ болохонадор гирифтаанд, аммо онҳо ҳамчунон стипендияи ночиз мегиранду шароити лозим барои таҳсил надоранд: "Аз донишгоҳ то ҳол мо ягон кӯмак надидем. Фақат мақолаҳои худро менависем, худамон нашр мекунем, ягон дастгирӣ аз тарафи университет нашудааст."

Ҷавҳарбӣ меафзояд, бо сабаби мушкилот ӯ танҳо баъд аз 3 соли хатми донишгоҳ тавонистааст, таҳсили худро дар аспирантура давом диҳад. Аммо шикояти Дилбар Қодирова - мудири шӯъбаи Фарҳангистони Улум, ки ҳар сол 50 аспирант қабул мекунад, аз сатҳи дониши аспирантҳост. Вай мегӯяд, аз аксари аспирантони имрӯза дониши хуб надоранд ва таҳқиқоти комилу фарогир навишта наметавонанд. Ба қавли вай, бархе аз онҳо танҳо ба хотири соҳиби унвони номзади илмӣ шудан дар аспирантура ба ном таҳсил мекунанд. Дилбар Қодирова меафзояд: "Одамоне ҳастанд, ки намедонанд, аспирант чӣ гуфтанӣ гап. Ба фикри ман пеш аз аспирантура омадан одам бояд ду сол кор кунад, фаҳмад, ки аспирантура чист."

Мушкили аспирантураву аспирантҳои Тоҷикистон то ба ҷое расидааст, ки ахиран дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумат Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳур фаъолияти Фарҳангистони Улуми ин кишварро мавриди интиқоди шадид қарор дод. Ба гуфтаи Абдулфаттоҳ Шарипов, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон президент Раҳмонов дар ин ҷаласа изҳор доштааст, ки феълан дар кишвар дастовардҳои илмӣ ва амалисозии кашфиётҳо дар истеҳсолот, равияҳои таҳқиқот ва ҳамоҳангсозии он аз талаби замони муосир қафо мондааст. Ба қавли вай, "натиҷабахшии корҳои илмии аспирантҳои Академияи Улум дар панҷ соли ахир ба ҳисоби миёна 10 фоизро ташкил намуда, зиёда аз 90 дарсади хатмкунандагони аспирантураҳо номзадии худро ҳимоя карда наметавонанд."

Аммо Меҳриниссо Зуҳурова - мудири шӯьбаи аспирантураи Донишгоҳи Миллӣ сабаби нокомил будани таҳқиқоти аспирантони ҷавонро ҳамчунон дар имконоти маҳдуд ва камбизоативу шароити маҳдуди таҳсили онҳо мебинад.
Ӯ мегӯяд, ҳоло аспирантон имкон надоранд, ба ҷуз аз китобхонаҳои начандон серкитоби кишвар барои рисолаҳои худ дар марказҳои илмии кишварҳои дигар мавод ҷамъ оваранд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG