Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар он сӯи девори пойгоҳи низомӣ


Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе

Фирқаи 201-и тирандозии савораи Русия ба пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистон табдил ёфт. Нахустин санади расмии ташкили пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон соли 1999 миёни ҳарду кишвар ба тасвиб расида буд. Вале татбиқи ин санад пас аз гузашти панҷ сол моҳи октябри соли 2004 сурат гирифт.
Владимир Путин - раиси ҷумҳури Русия ташкили пойгоҳи низомии кишвараш дар Тоҷикистонро барои таъмини амният ва суботи минтақа як амри табиӣ ва зарури талаққӣ карда, афзуд, ки мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, безарар ва хунсозии фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ низ дар доираи салоҳиятҳои он дохил хоҳад шуд.

Пойгоҳи низомии Русия, ки бар иваз ва ё таври дигар дар заминаи фирқаи 201-и тирандози савораи ин кишвар таъсис ёфт, аз нирӯҳои хушкигард, нирӯҳои ҳавоӣ, нирӯҳои зиддиҳамлаи ҳавоӣ ва пойгоҳи назорати кайҳонии мавсум ба ОКНО, ки яке аз ду чунин пойгоҳи ҷаҳонии назорати кайҳонист иборат буда, вале ба фарқ аз артиши 201 бо панҷ ҳавопаймои ҷангӣ, чархболҳои низомӣ тақвият хоҳад ёфт. Аммо теъдоди асокир дар ин пойгоҳ, ки бо шароити қарордодӣ хидмат хоҳанд кард, аз 7,5 ҳазори дар ҳайати артиши 201 буда то ба панҷ ҳазор коҳиш дода мешавад. Воҳидҳои пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Душанбе пойтахти кишвар, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб шаҳрҳои бузурги минтақаи ҷануби Тоҷикистон мустақар ва ҳайъати фармондеҳии фирқаи 201 минбаъд ба ҳайси ҳайъати раҳбарӣ ва фармондеҳи ин лашкар ба унвони фармондеҳи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон мансуб шудааст.

Сергей Иванов - вазири дифоъи Русия, ки дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Душанбе ӯро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, қарор аст фурудгоҳи низомии Айнӣ воқеъ дар бисткилометраи ғарби Душанберо ҳамроҳ бо низомиёни тоҷик навсозӣ ва барои нишасту хези ин ҷангандаҳо мутобиқ кунанд. Вазири дифои Русия яке аз авомили таъсиси пойгоҳи низомии кишвараш дар Тоҷикистонро ба нооромии Афгонистон иртибот дода, ҳамчунин бо ёдоварӣ аз ҷанги дохилии Тоҷикистон гуфт, ин нирӯҳо дар сурати зарурат ҷиҳати таъмини амният дар дохили кишвар ва минтақа аммо албатта бо иҷозаи мақомоти Русия вориди амал хоҳанд шуд.
Сергей Иванов, ки аз натоиҷи тавофуқоти ҳосилшуда бо як хушҳолӣ дар баробари хабанигорон сӯҳбат мекард, афзуд, қаламрави пойгоҳи низомӣ, куллия амволу афзори ҷангии пас аз соли 1993 вориди Тоҷикистон шуда, ҳамроҳ бо ҳудуди ҷойгиршавии пойгоҳи назорати кайҳонии ОКНО бо нархи рамзии солона си сент мутобиқ ба як сомонии тоҷикӣ ба моликияти Русия табдил шудааст.

Вазири дифои Русия масъалаи ташкили пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро тавре тавзеҳ кард, ки комилан ҳал шуда ва ҳеҷ ҷойе барои баҳси тарафҳо дар ин замина боқӣ намондааст. Аммо вазорати дифои Точикистон дар ин маврид назар ва мавқеи дигар доштааст. Маъруф Ҳасанов - сардори идораи равобити хориҷаи вазорати дифои Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ таъйид кард, ки пас имзои созишномаи марбута як комиссияи байнидавлатӣ ташкил ва масоили вобаста ба теъдоди ҳайъати шахсӣ, сохтор ва тарзи ҷойгиршавии онҳоро дар кишвар баррасӣ хоҳад кард: "Дар давоми се моҳи баъдӣ ба имзо расидани ҳамин созишномаҳо камиссияи муштарак ташкил мешавад. Вазифаи ин камиссияи муштарак аз он иборат аст, ки сохтору теъдоду ҳайъату ҳамаашро муайян созанд."

Дар ҳоле, ки Владимир Путин - раиси ҷумҳури Русия таъсиси пойгоҳи низомии кишварашро ба дунболи таъсиси як чунин пойгоҳи мушобеҳе дар як соли пеш дар Канти Қирғизистон омили таъмини амният ва таҳкими субот арзёбӣ мекард, бархе аз коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик мавзӯъро ба таври дигар тавзеҳ медиҳанд. Коршиноси тоҷик Саидаҳмади Қаландар - корманди марказии таҳлилии мавсум ба Сипеҳр мегӯяд иллати таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон ва Тоҷикистон ду кишваре, ки дар собиқ Русия онҳоро манотиқи манофеи худ меҳисобид, вуруди Амрико бо ҳампаймонҳоаш ба Афғонистон ва ҳамчунин ҷойгиршавии нирӯҳои ин кишвар дар қаламрави Узбакистон ва Қирғизистон мебошад.

Вай гуфт, дуруст аст, ки то чанд муддат Русия гирифтори мушкилоти дохилӣ шуда, аз лиҳози иқтисодӣ чунин имкониятро надошт. Вале ин чиз мусаллам аст, ки афзуд оқои Қаландар, Русия таври ҷиддӣ ва ба таври тӯлонӣ вориди минтақа шудааст: "Пойгоҳи низомии Амрико дар Узбакистон ва Қирғизистон то ҳадди қазияи Афғонистон боқӣ мемонд. Аммо қазияи Афғонистон то андозае ба эътидол омада, интихобот баргузор шуд, аммо сухан ва ё гуфтугӯе дар бораи кашонидани пойгоҳҳои низомии Амрико аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аз Узбакистон ва Қирғизистон дигар дар миён нест. Ин боис шуд, ки Русия ба мақсади пешгирӣ кардан ва ба тавозун овардани доираи манофеи стратегиаш ин корро анҷом диҳад."

Дар ҳамин ҳол Сергей Иванов - вазири дифои Русия эълом кард, ки дар ибтидои соли оянда дар доираи созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ размоиши густардаи нирӯҳои кишварҳои узви ин созмон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Вай гуфт, ин барои аввалин бор аст, ки пас аз таъсиси расмии пойгоҳи низомии кишвараш дар Тоҷикистон тамриноти низомӣ доир хоҳад шуд. Гуфтанист, чунин тамриноти низомӣ дар доираи созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ба дунболи ташкили пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон низ сурат гирифта буд.
XS
SM
MD
LG