Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони пирӯз, шоҳмотбозони ноком


Дастаи футболи ХИМА- и Душанбе барандаи мусобиқоти лигаи якуми футболи Тоҷикистон шуд. Ин даста новобаста аз натоиҷи ду бозии охирини худ бо Ҳулбуки Восеъ ва СКА Помири Душанбе барои рақибонаш дастнорас гашт. ХИМА аз 16 бозӣ 45 хол ба даст оварда, дар 15 бозӣ пирӯз шуд ва танҳо дар як дидор дар меҳмони аз дастаи Саройкамари ноҳияи Панҷ бо ҳисоби 2 бар 3 шикаст хӯрд. Ба ин тартиб ХИМА, ки дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад, нахуст соҳиби роҳхат ба лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2005-ум гардид.

Қабл аз бозиҳои ду даври охирини мусобиқоти дастаҳои лигаи якум ҳамчунин соҳибони ду роҳхати дигар ба лигаи олӣ муайян шуданд. Дастаҳои Саройкамари Панҷ ва СКА Помири Душанбе ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон-2005 сазовор гаштанд. Саройкамар бозиҳои худро дар лигаи якум ба анҷом расонд ва дар айни ҳол бо 39 хол аз 18 бозӣ дар ҷадвал ҷойи дуввумро ишғол мекунад. СКА Помир, ки аз 16 бозӣ 35 хол ба даст овардааст, дар зинаи сеюм ҷойгир аст ва имкон дорад, дар сурати муваффақ гаштан, дар ду бозии охирини худ бо Сарҳадчии Ҳамадонӣ ва ХИМА-и Душанбе мақоми дуввумро ишгол намояд.

Ва як хабар барои мухлисони шоҳмот. Дастаҳои яккачини мардонаю занонаи шоҳмоти Тоҷикистон дар даври шашуми Олимпиадаи байналмилалии шоҳмот дар Испания шикаст хӯрданд. Дастаи мардонаи Тоҷикистон бозиро ба дастаи Австралия бо ҳисоби якуним бар дуюним бохт. Занони шоҳмотбози тоҷик аз дастаи Норвегия бо ҳисоби 0 бар 3 мағлуб шуданд. Баъди шаш даври мусобиқот дастаи мардонаи Тоҷикистон 12 хол ва дастаи занона шашуним хол ба даст овардаанд.
Нарзуллоҳи Латиф аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG