Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе боз дар панҷаи сармо хоҳад монд?


Шаҳрдори Душанбе ҷараёни омодагии ниҳодҳои масъули пойтахти Тоҷикистонро ба фасли сармо ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард. Масоили таъмини аҳолии пойтахт бо газу барқ ва оби пок дар фасли зимистони соли ҷорӣ мавзӯи меҳварии иҷлоси вакилони шаҳри Душанбе буд, ки Муҳаммадсаид Убайдуллоев шаҳрдори Душанбе зимни суханронӣ омодагии ниҳодҳои марбутаи ин бахшҳоро шадидан интиқод кард. Оқои Убайдуллоев аз рӯзҳои сарди зимистони қаҳратуни соли гузашта дар моҳи декабр, ёдоварӣ кард, ки ба иллати нокифоятии барқу газ ниҳодҳои арзакунандаи хадамоти шаҳрро фалаҷ намуд. Вай афзуд то ҳоли ҳозир ҳамагӣ ду дарсади сокинони пойтахт бо оби гарм таъмин мебошанд. Ва дар миқдори захоири маводи сӯхт ва гази табиӣ барои зимистон низ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳеҷ тағйироте ба мушоҳида нарасидаст.

Дар ҳамин ҳол Ҳабибулло Воҳидов - додситони шаҳри Душанбе масъулини ниҳодҳои обрасонӣ, нақлиёт ва газу барқи пойтахтро дар бемасъулиятӣ ва бархеи онҳоро барои пинҳон доштани маболиғи ҷамъшуда ва барои сӯиистифодаи мансаби хидмати муттаҳам кард. Додситони шаҳри Душанбе гуфт, ба маҳзи фаъолияти ғайриқаноатбахши масъулини сохторҳои марбутаи шаҳр ба буҷа ба маблағи 60 миллион сомонӣ, ки муодили бист миллион доллари амрикоист, ворид нашудааст. Оқои Воҳидов афзуд, қисмати умдаи ин маблағро корхонаҷот ва муассисаҳо, аз ҷумла фирқаи 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон пардохт накардаанд. Вай ҳамчунин афзуд, ки мақомоти тафтишотӣ тавонистаанд, як қисми ин маблағҳоро бирӯёнанд ва афроди дастандаркорро ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба ҳамаи масъулини бахшҳои арзаи хадамоти шаҳр ҷиҳати рафъи камбуд ва навоқиси мавҷуд то понздаҳуми моҳи оянда мӯҳлат дод ва ҳамзамон эълом кард, ки дар сурати ғайр онҳо аз вазоиф барканор хоҳанд шуд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG