Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкориҳои иттилоотии Русияву Тоҷикистон


Вазорати умури хориҷаи Русия дар мавриди ҳамкориҳои иттилоотии Русияву Тоҷикистон ахиран тайи як баёния эълом дод. Дар ин баёния гуфта мешавад, созишномаи ҳукуматие, ки байни Русия ва Тоҷикистон дар заминаи ҳамкории иттилоърасонӣ дар Душанбе ба имзо расид, барои фаъолияти расонаҳои хабарии гурӯҳии ду кишвар шароити созгор фароҳам хоҳад кард. Дар он ҳамчунин омадааст, вазоратҳои хориҷаи Русия ва Тоҷикистон созишномаро санади боарзиш дар ростои табодули иттилоъ ва эҷоди шароити созгор барои фаъолияти расонаҳои электронӣ ва чопии ду давлат меҳисобанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия низ аз имзои созишнома истиқбол кард ва онро барои тавсеъаи ҳамкориҳои хабарии ду кишвар муҳим номид. Намояндаи расмии сафорат ҳамчунин тавзеҳ кард, ҳамкориҳои иттилоотии Русияву Тоҷикистон аз пеш шурӯъ шудааст ва дар ҳоли тавсеъа ёфтан мебошад.

Ёдоварӣ мешавад, созишнома дар чаҳорчӯби боздиди Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия аз Тоҷикистон дар Душанбе 16 октябр ба имзо расид. Ба ин санад вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Талбак Назаров имзо гузоштаанд. Дар баёнияи вазорати умури хориҷаи Русия тавзеҳ шудааст, созишномаи иттилоотии Русияву Тоҷикистон ба манзури рушди ҳамкорӣ, пуштибонӣ ва дастгирии расонаҳои гурӯҳӣ, мусоидат барои роҳандозии пахши барномаҳои ширкатҳои садову симои ду кишвар имзо шудааст.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав
XS
SM
MD
LG