Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ибрат аз Чин, ҳашари умумихалқӣ, макаронҳои эронӣ, пахтакорони беболиш


«Бизнес и Политика» таҳти унвони «Мӯъҷизаи иқтисодии чиноӣ ва ё кишварҳои Осиёи Марказӣ таҷрибаи ҳамсояи бузургро ба инобат мегиранд?», матлабе доир ба ҳоли иқтисодии Чин ва ҳамсояҳои он нашр кардааст. Навишта шудааст, Чин бидуни тағйири идеологияи давлатӣ ва сохтори сиёсӣ тавонист, низоми иқтисодии худро тағйир бидиҳад ва дар як муддати кӯтоҳ ба рушди муназзам ва боустувор ноил бигардад. Вале кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки сохтори сиёсияшонро гӯё мувофиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ гардонидаанд, ҳамоно дар вартаи бӯҳрони иқтисодӣ қарор доранд. Бадбахтии аслии ин кишварҳо адами сармоя ва сабаби он набудани боварӣ ба суботи сиёсии давлатҳо номида шудааст.

Ба навиштаи муаллиф, андозу боҷи гумрукӣ барои соҳибкорон гарон аст ва то ҳол давлат ба фаъолияти соҳибкорон дахолат мекунад. Маҳз ин низоми авторитарӣ боиси набудани озодии иқтисодӣ ва дар пай ҷалб нашудани сармоя дониста шудааст. Муаллиф Чинро дар қиёс овардаааст, ки дар ин кишвар он қадар сабукие ба соҳибкорон дода шудааст, ки имрӯз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳон корхонаҳои худро дар дигар кишварҳо баста ба Чин меоянд. Дар пай муаллиф Тоҷикистонро мисол меорад, ки арзиши боҷи гумрукӣ барои ворид сохтани автомашина то 38 дарсад будааст ва ин дар кишваре, ки қариб чизе истеҳсол намекунад! Ба навиштаи муаллиф, дар Тоҷикистон кӯркӯрона қонунҳои Русияро нусхабардорӣ мекунанд ва ҳатто ба гӯшаи хаёл ҳам намеоранд, ки русҳо ин қавонинро барои ҳифзи истеҳсолоти ватанӣ баровардаанд. Дар маҷмӯъ, нуқси аслии иқтисоди Тоҷикистон сатҳи баланди ришвахорӣ номида шудааст.

Муаллифи як матлаби «Нерӯи Сухан» низ аз андозҳои гарон ва аз мушкилоти соҳаи кишоварзӣ шикоят кардааст. Ӯ ноҳияи Мастчоҳро мисол овардааст, ки замони шӯравӣ то 55 ҳазор тонна пахта мегирифт. Соли гузашта бошад, ноҳия чизе бештар аз 23 ҳазор тонна пахта ғундоштааст, ки ҳатто нисфи ҳосили аҳди шӯравиро ташкил намедиҳад. Ноҳия аз сармоядорон 13 миллион доллар қарздор будааст. Муаллиф роҳи аслии раҳоӣ аз ин вартаро дар андози ягона барои замин ва назорати сахти ширкатҳои маблағгузор ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дидааст.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз «шанбегии умумихалқи»-и аз Шӯравӣ ба меросмонда навиштааст. Маблағи кори якрӯза, яъне ҳамин рӯзи шанбе аз маоши мардум иҷборан боздошта мешавад, вале ба навиштаи муаллиф, ба гумон аст, ки пахтакорони вилояти Суғд аз 470 ҳазор сомоние, ки аз таърихи 18 сентябри соли ҷорӣ ба фонди шанбегӣ гузаронида шудааст, розӣ бошанд.

«Азия-Плюс» дар матлабе нигоштааст, вохӯриҳои сарони Тоҷикистону Эрон аз лиҳози иқтисодӣ дар муқоиса бо мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон бо руасои дигар кишварҳои ИДМ ба маротиб нофеътар ва самаранок будааст. Мисоли барҷастаи ин навиштаҳо боздиди Саид Муҳаммад Хотамӣ аз Тоҷикистон дар моҳи гузашта номида шудааст, ки дар ҷараёни он тавофуқи ҷалби сармояи 250 миллион доллараи иронӣ ба бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда баста шудааст. Ирон ҳамчунин барои бунёди нақби Анзоб низ 35 миллион доллар тахсис додааст.

Хабарнигори «Чархи Гардун» тайи як сафар ба Эрон сабаби сифати пасти маҳсулоти эрониро, ки бозору мағозаҳои Тоҷикистонро зер кардаанд, ҷӯйо шудааст. Навишта шудааст, бо хокаи либосшӯии «Дарё» ҷомашӯӣ мекунему бо мойеъи «Ромис» косаву табақ шуста аз макаронҳои эронӣ хӯрок мепазем. Вале пас аз ҷомашӯӣ дастҳоямон ба хориш медарояд ва макароншӯрбоямон ба макаронпалав бадал мегардад. Чаро? Сабаби ин ба навиштаи муаллиф он будааст, ки тоҷирони тоҷикистонӣ аз истеҳсолкунандагони иронӣ хоҳиши омода сохтани маҳсулот бо нархи арзонро мекардаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG