Пайвандҳои дастрасӣ

Таълими Ислом таввасути интернет


Дар ҳоле, ки Шӯрои уламои дини Тоҷикистон намозгузории занон дар масоҷидро мамнӯъ эълом кардааст, як гурӯҳ духтарони донишҷӯи мадрасаи исломии шаҳри Қӯрғонтеппаи ин кишвар ба омӯзиши компютер ва интернет рӯ овардаанд. Ибодулло Олимов, роҳбари маркази ITP ё худ Барномаи омӯзиш ва дастрас намудани интернет дар шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, онҳое, ки дар кишвар ба омӯзиши ислом ва аҳкоми шариат таваҷҷӯҳ доранд, дар бештарини маворид аз васоити таълимӣ бархурдор нестанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин марказ таваҷҷӯҳ аз сӯи донишҷӯдухтарони мадрасаи исломии Қӯрғонтеппа ба омӯзиши компютеру интернетро мавриди назар қарор дода, барои ин гурӯҳи духтарон нишастҳои таълимӣ созмон додааст: "Мақсади гузаронидани ин омӯзиш дар он аст, ки духтарон бар иловаи таълим дар мадраса, дониши исломиро аз Интернет амиқтар омӯзанд. Ба воситаи Интернет метавонанд ба суолҳои худ дар мавриди масоили дини ислом ҷавоб пайдо кунанд ва бо донишҷӯёни дигар мамолик, ки низ ба омӯзиши илми динӣ машғуланд, робита кунанд."

Оқои Олимов ҳамчунин афзуд, донишҷӯдухтаронро дар робита бо шурӯъи моҳи шарифи Рамазон зимни як нишаст ҷамъ оварда, ба онҳо роҳҳои истифодаи саҳифаҳои исломии интернетиро омӯзиш додаанд. Дар ҳамин ҳол, Нурия Ҷалилова, донишҷӯи соли панҷуми мадрасаи исломии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки бори аввал ба омӯзиши компютер ва махсусан шабакаи Интернет оғоз кардааст, гуфт, бовар дорад ин омӯзиш барои бархурдор шудан аз донишҳои муосир, бо ҷумлаи дониши исломӣ мусоидат хоҳад кард.

Мӯътабар Манёрова, як донишҷӯдухтари мадрасаи исломии Қӯрғонтеппа, ки дар маркази ITP истифодаи компютер ва кор дар шабакаи интернетро омӯхтааст, гуфт, падару модараш дар мавриди омӯзиши илми муосир, бо шумори донишҳои компютериву интернетӣ ихтилоф надошта, баръакс мутаваҷҷеҳ будаанд: "Дар Интернет баъзе маводе ҳаст, дар мавриди илми ислом, ки мо аз китобҳо пайдо карда наметавонем. Аз ин рӯ бисёр вақт онҳоро аз саҳафоти шабакаи Интернет пайдо мекунем."

Ба гуфтаи роҳбарияти Маркази барномаи дастрасӣ ба интернети шаҳри Қӯрғонтеппа, духтарони донишҷӯ аз мадрасаи исломӣ ҳудуди як моҳ аст, бо марказ робита барқарор кардаанд. Маркази ITP-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавриди дастрасии бемузди сокинони ин шаҳр ва навоҳии атрофи он аз ду соли пеш фаъол аст. Гуфта мешавад, аз ҷамъи 1500 нафар аъзои марказ 50-60 нафар ҳар рӯз имкони ним соат истифода кардан аз интернетро доранд.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG