Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Усома Тоҷикистонро тарк кард


Филми «Усома» исми як духтараки оддии афғонро дар ҷаҳон машҳур сохт. Шоме, ки Маринои дувоздаҳсола дар як кӯчаи Кобул дар фикри он буд, ки фардояш чӣ гуна мешавад, коргардони афғон Сиддиқ Бармак ҳамоно барои нақши марказии филми худ қаҳрамон меҷуст. Сиддиқ Бармак ба ёд меорад, ки ҳудуди се ҳазор духтарро аз макотибу парваришгоҳҳо ва урдӯгоҳҳои муҳоҷирон барои ин нақш санҷидааст: «Ҳатто гоҳе ҳам мешуд, ки вақте мо дар кӯчаҳо мегаштем, духтаракҳоро нигоҳ мекардем, ки шояд чеҳраашон ба чеҳраи қаҳрамони мо шабоҳат дошта бошад. Ва шояд ҳам бисёриҳо фикр мекарданд, ки шояд мо тасмим дорем, духтареро бидуздем. Мариноро иттифоқан, рӯбарӯи синамои порк дар як шом дидем, чашмҳояш воқеъан гӯёи бисёре аз қиссаҳо буд барои мо. Ҳолати равоние ки дошт, ба назари манн бисёор наздик буд ба қаҳрамони филми мо. Фардои ҳамон рӯз вақте ба ҷое, ки Марино дарс мехонд, рафтем ва аз наздик бо зиндагияш ошно шудем, дидем, ки чӣ қадар шабоҳатҳое байни зиндагии худи Марино ва зиндагии қаҳрамони филми мо дар қисса ҳаст.»

«Усома» нахустин филмест, ки дар Афғонистон пас аз суқути низоми Толибон наворбардорӣ шудааст. Ин филм аз ҳаёти як оилаи афғон ҳикоят мекунад, ки ягона фарзанди хонадон, духтараки дувоздаҳсоларо либоси писарӣ пӯшонида ба корҷӯӣ мефиристанд. Низоми Толибон, ки кор ва таҳсили занонро манъ карда буд ва ягона хӯронандаи ин оилаи афғон, ин духтараки дувоздаҳсола либоси писарӣ ба бар карда исми рамзии Усомаро касб карда, бо хатар ба ҷони худ барои оилааш қути лоямут меҷуст. Ҳарчанд Марино на хонда метавонисту на навишта, вале бозии моҳиронааш аз омилҳои аслии муваффақиятҳои филми «Уссома» дониста шудааст.

Коргардони филм - Сиддиқ Бармак: «Мо воқеъан, бахше аз муваффақиятҳои ин филмро мадюни бозии дурахшон ва таҷрибаи зиндагии ҳамин духтарак ҳастем.»

«Усома» дар чандин фестивалҳои байналмилалӣ ҷоиза гирифтааст. Марино дар фестивали байналмилалии «Молодост» дар Маскав ҷоизаи беҳтарин ҳунарманди ҷавон ва дар фестивали байналмилалии Синемалия дар Манилаи Филиппин ҷоизаи беҳтарин нақши занонаро касб кардааст. «Усома» ба Марино дар баробари шӯҳрат ва умеди нек ба ояндаи хуш нафъи молии хубе ҳам овард. Волидонаш бо ҳаққуззаҳмаи ӯ аз филм дар маркази Кобул хона хариданд. Ва оғози ҳамаи ин пайроҳаи дурахшон танҳо як нақш буд. Марино Гулбаҳорӣ: «Аввал бисёр метарсидам, зеро аввалин бор буд, ки ман дар филм кор мекардам. Вақте филми «Усома» ҷоиза гирифт, ман бисёр эҳсоси хушӣ мекардам. Ман фикр намекардам, ки ман дар филм кор мекунам ва мехостам, ки дар филм кор бикунам. Вақте дар филм кор накарда будам, касе маро намешинохт, вақте дар филм кор кардам, ҳама мешиносанд маро. Бисёр синаморо дӯст дорам, ҳоло синамо зиндагии ман шудааст. Алоқамандам, ки дар филм кор бикунам.»

Тӯли ду сол Марино аллакай дар ҳафт филми дигар нақш бозидааст. Аз ӯ пурсидам, ки оё мехоҳад ба Ҳолливуд биравад ва он ҷо нақш офарад? Мегӯяд, албатта мехоҳад. Марино вақте дар «Усома» нақш мебозид, дувоздаҳ сол дошт ва синфи як мехонд. Ва ҳамакнун бо гузашти ду сол синфи се мехонад. Бори аввал аст, ки Тоҷикистон омадааст ва мегӯяд, тӯли як ҳафтае ки ин ҷо буд, аз ин кишвар хеле хушаш омад:
«Ин ки сарлуч бошӣ, пойлуч бошӣ касе намеронад. Ҷои хуб аст, озод аст.»

Суол кардам, ки маҳз чӣ маконҳое рафтааст ва маҳз чӣ чизе хушаш омадааст?
«-Бисйор ҷойҳои мақбулро дидаам, номҳояшро намедонам.
-Дискотека рафтӣ?
-Ҳа, хуб буд. Аввалин дафъа буд, ки дискотекаро дидам. Тоҷикистон бисйор ҷойҳои зебо дорад. Афғонистон низ ҷойҳои мақбул дорад, вале ҷангзада аст.»

Ситораи хурдсоли синамои тозаэҳёи Афғонистон гуфт, мехоҳад ба Тоҷикистон боз баргардаду боз баргардад.

Вобаста

XS
SM
MD
LG