Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёздаҳ ҳазор парвандаи ҷиноии қочоқбарон


Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав

Дар Русия тайи соли равон дар қиболи 13 ҳазор қочоқбари маводи мухаддир, ки аксар шомили гурӯҳҳои ҷиноии байналмилалӣ ҳастанд, 11 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин матлабро Владимир Зубрин, раиси бахши бозрасии Кумитаи федералии назорат бар гардиши маводи мухаддири Русия тайи як нишасти матбуотии вижа таҳти унвони «Расидагӣ ба парвандаҳои ҷиноии марбут ба маводи мухаддир» рӯзи чоршанбе дар Маскав эълом кард. Владимир Зубрин дар посух ба пурсиши Радиои Озодӣ дар мавриди шумораи парвандаҳои марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистон гуфт, омори дақиқи парвандаҳои бозшуда дар қиболи қочоқбарони тоҷик дар даст нест, вале шумораи парвандаҳо зиёд аст.

Владимир Зубрин дар тавзеҳ ба боздошти шаҳрванди Тоҷикистон Дониёр Худоёров, панҷ сол дар зиндони шаҳри Владимири Русия, бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва чандин ҳодисаи шабеҳи он гуфт, дар ҳоле, ки бегуноҳии боздоштшудагон дар додгоҳ исбот шудааст, ҷараёни бозрасӣ омӯхта мешавад ва агар хатое рафта бошад, муҷрим ба ҷазо мерасад. Вай ҳамчунин гуфт, ки Кумитаи назорат бар гардиши маводи мухаддири Русия бо ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамкорӣ дорад ва дар кӯтоҳмуддат дафтари худро дар Кобул, пойтахти Афғонистон ҳам боз хоҳад кард.

Вай ибрози нигаронӣ кард, ки аз марзи Тоҷикистону Афғонистон дур шудани марзбонони Русия боиси афзоиши қочоқи ҳероин хоҳад шуд. Аз ҷануб ба Русия ҳероини афғонӣ ва аз ғарб кокоини Колумбия роҳ ёфтааст. Вай ҳамзамон гуфт, ки маводи мухаддир дар дохил беш аз марз кашф ва забт мешавад. Вай ҳамчунин хабар дод, тайи соли равон дар қиболи даҳҳо нафар кормандони полис ҳам бо ҷурми ширкат дар қочоқи маводи мухаддир паравандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шумораи мӯътодони маводи мухаддир дар Русия расман 400 ҳазор ва бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ 4 милион нафар аст. Дар ҷараёни бозрасӣ парвандаҳои ҷиноӣ Кумитаи назорат бар гардиши маводи мухаддир аз қочоқбарон наздик ба 14 тонна маводи мухадир, бо шумули 1 тон ҳероин, кашф ва забт кардааст.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав
XS
SM
MD
LG