Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Амрико ба таъсиси пойгоҳи низомӣ


Амрико ба бунёди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон назари мусбат дорад, гуфт Ричард Ҳоугленд сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба хабарнигорон. Вай афзуд, ин пойгоҳ тӯли 40 сол дар Тоҷикистон вуҷуд дошт ва танҳо ҳукми қонунӣ гирифт. Ба гуфтаи сафири Амрико, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз фаъолияти тероризми байналмилалӣ дар минтақа мусоидат менамояд.

Сафири Амрико ин суханонро рӯзи 19 октябр дар маросими имзои созишномаи ҳамдигарфаҳмӣ оид ба компютеркунонии судҳои Тоҷикистон баён дошт. Оқои Ҳоугленд дар ин маврид гуфт, технология ҷадид, компютер ва интернет метавонад, барои саривақт ва ба таври бояду шояд кушодани парвандаҳои ҷиноӣ ба судҳои Тоҷикистон мусоидат намояд. Дипломати амрикоӣ афзуд, ҳукумати кишвараш тавассути Оҷонси рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳида дар ҳаҷми 190 000 доллар додгоҳҳои Тоҷикистонро бо технологияи нави иттилоотӣ муҷаҳҳаз менамояд.
Сафаргул Олимӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG